
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва ИА дар соҳаи саноат баррасӣ шуд
Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва Шарлотта Адриан, сардори шуъбаи Дирексияи генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорат хабар дод.
Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардид. Ҷонибҳо масоили ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар бахшҳои мошинсозӣ, фармасевтика, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ ва саноати кӯҳӣ, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди ашёи хоми муҳим баррасӣ карданд.
Ҳамчунин имкониятҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби ташаббуси ИА бо номи «Global Gateway» (Дарвозаи ҷаҳонӣ), ки ба рушди инфрасохтор ва тақвияти робитаҳо дар минтақаи Евразия равона шудааст, матраҳ гардид. Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои идомаи гуфтугӯҳо ва омодасозии нақшаҳои роҳандозии барномаҳои нави сармоягузорӣ ва техникии муштарак манфиатдоранд.
Average Rating