
Ҷанги Эрон ва Исроил. Кӣ бурду кӣ бохт?
Бисёре аз дӯстон ва шиносони гиромӣ дар ин ду ҳафтаҳои ахир аз ман хоҳиш мекарданд, ки назарамро дар бораи муноқишаи Эрон ва Исроил баён намоям. Баъзеҳо ҳатто ба танқид пардохтанд, ки чаро дар баробари як ҷанги бузурги таърихиву сарнавиштсоз хомӯш мондаам. Ростӣ, ман на низоъшиносам ва на таҳлилгари ҳарбӣ, ки битавонам мувозинати қудрат ва натиҷаи рӯёрӯии низомиро баркашам. Дарку фаҳми ҷанбаҳои фаннӣ, технологӣ ва стратегияи ҷангӣ барои ман бегонананд.
Аммо чун як шахси пайгир дар умури сиёсат ва равандҳои байналмилалӣ, масъулияти ахлоқӣ ва фардӣ медонам, ки дар бораи чунин рӯйдоди муҳим, бояд андешаи худро, то ҳадди донишу дарки шахсӣ, иброз кунам. Аз ҳамин ҷиҳат, дар матлаби зер кӯшиш мекунам на аз зовияи низомӣ, балки аз нигоҳи сиёсати ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалӣ, дар бораи ин ҷанг назарамро бигуям ва ба саволе, ки бисёре онро мепурсанд, бо ҳадди имкон ва таваҷҷуҳ ба воқеиятҳо посухе дошта бошам.
Баъд аз даҳсолаҳои танишу рақобат, муноқишаи Эрон ва Исроил акнун ба марҳилаи рӯёрӯии мустақим ворид шудааст, ки паёмадҳои он на танҳо ба низоми амниятии Ховари Миёна, балки ба мувозинати қудрат дар низоми байналмилалӣ таъсири амиқ мегузорад. Ин рӯёрӯӣ, ки бар пояи хилофи манфиатҳо ва бархӯрди ду парадигмаи сиёсии муқовимат ва ҳифзи нуфуз шакл гирифтааст, беш аз он ки ҷанге миёни ду давлат бошад, ба як санҷиши воқеии устувории сохтори ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Эрон, ки баъд аз Инқилоби исломии соли 1979 худро ба унвони қутби муқовимат ба империализм ва сионизм муаррифӣ кардааст, дар чанд даҳаи ахир як шабакаи таъсиррасонӣ ва нуфузи минтақаӣ бунёд намуда, тавонистааст дар фазои рақобати шадид бо Ғарб ва Исроил, хати муоширати геостратегиро дар Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Фаластин таҳким бахшад. Ҳарчанд ин шабака вақтҳои охир зоҳиран ноком аст, аммо дар доираи мафҳуми «меҳвари муқовимат» ба як василаи муҳим дар муборизаи сиёсию идеологӣ табдил ёфтааст ва имкони пешбурди ҷангро дар арсаҳои ғайримустақим фароҳам овардааст.
Дар муқобили он, Исроил худро ҳамчун қалъаи пешоҳанги Ғарб дар Ховари Миёна мебинад, ки амнияти миллиашро дар таҳдиди вуҷуди як Эрони дорои силоҳи ҳастаӣ ва қудрати минтақаӣ эҳсос мекунад. Стратегияи Исроил, ки бо пуштибонии доимии Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ аст, бар асоси сиёсати боздорандагӣ (deterrence policy) ва амалҳои пешгирикунанда (pre-emptive strikes) бунёд ёфта, аммо, дар чанд соли охир ба як сиёсати рӯшан ва таҷовузкорона табдил ёфтааст.
Бо ин ҳама, на Исроил ва на Амрико, бо вуҷуди таҳримҳои шадид ва муҷозотҳои иқтисодӣ, натавонистанд стратегияи боздошти Эрон аз пешрафтро муваффақона амалӣ созанд. Баръакс, Эрон на танҳо устувории сиёсиву иҷтимоии худро ҳифз кардааст, балки бо тақвияти равобити худ бо Чин, Русия ва андаке бо Туркияву кишварҳои Осиёи Марказӣ, низоми таҳримҳоро бо дипломатияи муқовимат тавъам бо сиёсати шарқӣ камэътибор намудааст.
Дар айни замон, вокунишҳои байналмилалӣ ба шиддатгирии муноқиша, бозгӯкунандаи ихтилофи амиқи меъёрҳои дугона ва шикасти консепсияи «тартиби байналмилалии бар асоси қоидаҳо» мебошад. Дар пеши чашми оламиён қариб, ки қоидаву қонуни муносибати байналмилалӣ риоя намешавад. Қоидаҳои байналмилалӣ дар бораи ҷанг нақз мешаванд. Кишварҳои ғарбӣ, ки муддаии дифоъ аз арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи байналмилалиянд, дар баробари бомбборони Ғазза, куштори мардуми мулкӣ, занону кудакони бегуноҳ ва истифодаи аслиҳаи манъшудаи байналмилалӣ хомӯш монданд ё даст ба сафедкунии ҷиноятҳои ҷангӣ заданд. Ин амалҳо, ки зери мафҳуми «амнияти исроилӣ» тавҷеҳ мешаванд, бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи башар ва меъёрҳои байналмилалии инсонгароёна ҳарчанд қобили ҳимоят нестанд, бо тавҷеҳи саркуби тундгароиву ваҳшатафканӣ ва даст кашонидани Ҷумҳурии исломии Эрон аз ғанисозии ураниум раво дида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Эрон бо истифода аз механизмҳои қудрати нарм ва дипломатияи таҳкими афкори умумӣ, тавонист рӯйкарди худро ба муноқиша ба таври муассир дар доираҳои ҷаҳонӣ таблиғ кунад. Дар фазои маҷозӣ, барои ҳар кишвар бо забону ҳуруфоти ҳамон кишвар, Эрон дар ин ҷода гумоштаҳои худро дошт, ки бидуни муболиға аз дилхоҳ расонаи як кишвар фаъол ҳастанд. Дастгирии кишварҳои Амрикои Лотинӣ, қисмате аз Африқо, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаҳои мусалмони ҷаҳон нишон медиҳад, ки Теҳрон муваффақ шудааст ба як алтернативаи қавии низоми якқутба табдил ёбад.
Бо дарназардошти ҳамаи ин, метавон гуфт, ки муноқишаи Эрон ва Исроил дигар танҳо як ихтилофи минтақавӣ нест, балки арсаи муайянкунандаи тақдири низоми байналмилалӣ мебошад. Аз диди мафҳуми «қудрати ҷалбкунанда» (attractive power) ва «ҳокимияти маънавӣ» (moral legitimacy), Эрон дар ин муноқиша дар муқоиса бо рақибони худ дар мавқеи нисбатан баландтар қарор дорад.
Гарчи коршиносон дар шохаҳои низомӣ ва технологӣ бо пуштибонии Ғарб Исроилро пешсафтар меҳисобиданд, шикасти сипари оҳанини Исроил ва ба харобазор табдил ёфтани чандин гушаву канори ин кишвар, ин боварро то ҳадде хунсо кард.
Ҳамчунин барканории рӯҳия, ихтилофи дохилии ҷомеаи исроилӣ, фишори афкори байналмилалӣ ва афзоиши беэътимодӣ ба Амрико ҳамчун кафили амнияти минтақавӣ, нишондиҳандаи тағйири муҳими мувозинати қудрат аст.
Ин ҳам ногуфта намонад, ки дигар шаҳрвандони Исроил то даҳсолаҳои дигар ба кафолати амниятиу осоиштагии ҳукумати Исроил бовар намекунанд ва ҳамеша дар ҳоли эҳсоси осебпазирӣ хоҳанд зист.
Натиҷагирӣ аз ин ҳама равандҳо нишон медиҳад, ки Эрон бо истифода аз қобилияти мутобиқшавӣ, сиёсати устувор ва пайвастан ба шабакаи навини ҳамкориҳои минтақаӣ, тавонистааст на танҳо зинда монад, балки тарҳи нави муқовиматро ба ҷаҳон пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, агарчи набардҳои низомӣ ҳалнашуда боқӣ монанд, вале дар сатҳи стратегии сиёсати байналмилалӣ, Эронро метавон ба унвони пирӯзи муноқишаи навтарин бо Амрико ва Исроил ном бурд, пирӯзие, ки дар зеҳни мардумони ҷаҳон ва низоми нави ҷаҳонӣ ҷои худро устувор мекунад. Ҳатто эҳтимол дорад, кишварҳои арабии аз ҷиҳати низоми сиёсӣ ҳезшуда низ то ҳадде ҷасорати сар боло кардан пайдо кунанд. Яъне, Эрон тавонист имконпазир будани як чунин ҳолатро собит кунад.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз расонаҳои байналмилалӣ хабар медиҳанд, ки Иёлоти Муттаҳида чанде аз таҳримҳои худ нисбат ба Эронро ба таври марҳилавӣ лағв кардааст. Гарчанде, ин иқдом бо баҳонаҳои техникӣ ва иқтисодӣ тавҷеҳ мешавад, вале дар асл ин тағйир дар равиши Вашингтонро метавон баёнгари эътирофи ғайрирасмии қудрат, устуворӣ ва муқовимати дипломатии Эрон донист. Ин нармиш дар мавқеъгирии Амрико, агарчӣ маҳдуд ва эҳтиёткорона бошад ҳам, худ далеле бар он аст, ки сиёсати фишори ҳадди аксар натавониста Эронро зери даст орад, балки баръакс, ба муколама ва эътирофи воқеиятҳои геополитикӣ роҳ мекушояд.
Вазъи Аврупо бошад дар муноқишаи миёни Эрон ва Исроил бо таъқиби сиёсати муътадил ва эҳтиёткорона муайян мешавад. Аврупоиҳо, гарчанде зоҳиран аз ҷонибдории ғайримустақими амалиёти низомии Амрико ва Исроил канора намегиранд, вале аз ҷиҳати мазмун худро миёнарав ва пуштибони роҳи дипломатӣ нишон медиҳанд. Бомборони Эрон пас аз мулоқоти дипломатии онҳо дар Женева, аз як сӯ мавқеи онҳоро заъиф кард, аз сӯи дигар ниёз ба дипломатияи мустақил аз ИМА-ро дар шароити кунунӣ тақвият бахшид. Аврупо талош дорад вазн ва нақши худро дар муъодилаи геополитикӣ ҳифз кунад, аммо ҳоло бештар мавқеи нозир ва миёнаравро ишғол кардааст. Чун дар ҷомеаи шаҳрвандии Аврупо низ нигоҳ ба Исроил хеле тағйир ёфтааст. На фақат мусалмонон, балки намояндагони аксари ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати куштори кудакон дар Ғазза ва харобкориҳои Исроил нигоҳи манфӣ доранд. Вокунишҳо ҳатто аз ҷониби вакилони Парлумон садо медиҳанд. Борҳо шаҳрвандони Аврупо ба кучаву хиёбонҳо рехта, бо талаби бас кардани бомборони Ғазза тазоҳурот барпо карданд. Касоне, ки масъулияти Иттиҳоди Аврупо ба уҳдаашон аст, инро наметавонанд нодида бигиранд. Чун ҷомеаи Аврупоро воқеан қонун ва мардум ҳукумат мекунад.
Акнун, дар охир мехоҳам чанд нигарониҳое, ки нисбати Эрон дорам ногуфта намонад. Сараввал Эрон ба як ислоҳоти сиёсиву ҳукуқии ҷиддӣ ниёз дорад. Бо вуҷуди иддаои бархе масъулини Эрон дар бораи оғози равандҳои ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, воқеияти мавҷуда нишон медиҳад, ки ин равандҳо бештар шакли таблиғотӣ ва рамзӣ дошта, дар амал пешрафти назаррасе накардаанд. Муҳити сиёсӣ ҳамоно зери назорати сахт қарор дорад ва фазои фаъолият барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои ислоҳталаб маҳдуд боқӣ мондааст.
Бархе иқдомҳо, ки ҳамчун ислоҳот муаррифӣ мешаванд, аслан ҷузъи идоракунии вазъ ва хомӯш сохтани фишори дохиливу байналмилалӣ ҳастанд. Дар пасманзари ҷанг ва муноқишаи шадиди хориҷӣ, режим беш аз пеш нерӯи худро ба сафарбарсозии умумӣ ва ҳамгироии дохилӣ равона мекунад, ки аксар вақт бо маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ ҳамроҳ аст.
Илова бар ин гумоштаҳои Эрон, ки бештар вазифаашон тағйири афкори манфӣ нисбати Эрон мебошад, дар аксари ҳол дида мешавад, ки дар фазои маҷозӣ оташи муноқишаҳои мазҳабиро аланга мезананд, ки ин амал бо стратегияи корияшон дар тазод аст. Дар минбаъд хуб мебуд пеши ин амал гирифта мешуд.
Ҳамчунин, ҳарчанд гоҳ-гоҳе нишонаҳои эҳтимолии тағйироти мусбат дар низоми ҳуқуқӣ ва маъмурӣ ба назар мерасанд, вале онҳоро наметавон ҳамчун равандҳои ислоҳоти амиқ ва системавӣ арзёбӣ кард. Баръакс, маҳдудияти доимии фаъолияти расонаҳо, саркӯби мухолифон ва набуди рақобати воқеии сиёсӣ нишон медиҳанд, ки ислоҳоти иддаошуда то ҳол дар марҳилаи шиор боқӣ мондааст.
Агар, Эрон воқеан бихоҳад мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад ва пирӯзии дипломативу геополитикии худро устувор созад, бояд дар баробари муқовимат бо фишори хориҷӣ, ҷасорат ва иродаи сиёсӣ барои боз кардани дарҳои ислоҳоти амиқи дохилӣ низ нишон диҳад.
Аммо Исроил чӣ? Бурд ё бохт? Чӣ бурде дошту чӣ бохте?
— Ҳаволааш ба Худо!
Шавкати Муҳаммад
Average Rating