Ҳиббатуллоҳ Охундзода: Низоми демократӣ «мурда»- аст

Фиристед

Раҳбари Толибон демократияро “мурда” номид ва қонунҳои ғарбиро рад кард

Манбаъҳо: Associated Press (30.03.2025), Al Jazeera, BBC Persian

Тӯли наздик ба 10 рӯз мешавад, баҳс дар расонаҳои байналмилалӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар бораи хутбаи Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии Аморати Исломии афғонистон, ки дар намози Иди Рамазон кард идома дорад.

30 марти соли 2025, Хайбатуллоҳ Охундзода, зимни хутбаи иди Рамазон дар Кандаҳор изҳороте ҷиддӣ ва тунд дар бораи низоми сиёсӣ ва сохтори ҳуқуқии Ғарб ироа кард. Ӯ таъкид намуд, ки «Афғонистон ба қонунҳои ғарбӣ эҳтиёҷ надорад» ва демократияро бо лаҳне шадид рад карда, афзуд, «демократия дар Афғонистон мурдааст ва шариат ҳукмрон аст».

Ба гуфтаи ӯ, шариати исломӣ — ягона низоми мувофиқ барои мусалмонон аст ва кишвар бояд комилан тибқи он идора шавад. Ӯ илова кард: «Мо дигар ба демократия ниёз надорем. Он чизе, ки Ғарб мефармояд, барои мо аҳамияте надорад. Афғонистон бо шариат зинда аст ва бо он рушд хоҳад кард.»

Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Толибон дар арсаи байналмилалӣ расман эътироф нашудааст ва бисёре аз кишварҳо онҳоро барои нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон, танқид мекунанд. Гурӯҳи Толибон аз соли 2021 ба ин сӯ назорати кишварро ба даст гирифтааст, аммо парвои шомил шудан ба ҷомеаи байналмилалӣ ба як системаи сиёсии фарогир ва ҳамгом бо арзишҳои умумӣ надорад.

Хутбаи Охундзода дар Кандаҳор бо ҳузури садҳо тарафдори Толибон баргузор гардид ва тибқи гузоришҳои расонаҳо, паёмаш ба таври васеъ тавассути шабакаҳои иҷтимоии арабӣ ва пашту паҳн гардидааст ва то ҳол ин сару садо идома дорад.

Бояд гуфт суханони ахири Охундзода эҳтимолан равобити Толибонро бо кишварҳои ғарбӣ боз ҳам сардтар мегардонанд. Ба гуфтаи таҳлилгари BBC Persian, чунин изҳорот дари музокироти эҳтимолӣ бо ҷомеаи байналмилалиро тақрибан комилан мебандад.

Коршиносон мегӯянд, ин изҳороти радикалӣ мавқеи Толибонро дар баробари мухолифони дохилӣ мустаҳкам месозад.

Бо чунин паёмҳо, Толибон дар ҳоли таҳкими равияи сиёсӣ-идеологӣ ҳастанд, ки танҳо бар шариати исломӣ асос ёфта, ҷое чандон ба ислоҳот ва тағйир намегузорад.

Ҳамин тавр изҳороти Хайбатуллоҳ Охундзода дар бораи беарзиш будани демократия ва рад кардани қонунҳои ғарбӣ нишон медиҳад, ки режими Толибон роҳи тақвияти қудрати мутлақ ва идораи динмеҳварро пеш гирифтааст. Ин метавонад на танҳо равобити хориҷии Афғонистонро хароб кунад, балки вазъи башардӯстона ва иҷтимоиро дар дохил низ печидатар гардонад.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *