Коҳиши воридоти гази моеъ дар пасманзари афзоиши шумори электромобилҳо

Ба дигарон фиристед

Дар Тоҷикистон воридоти гази моеъ дар нимсолаи аввали соли 2025 коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин давра 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,5 ҳазор тонна камтар мебошад. Нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ 685 доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаи соли гузашта (681 доллар) фарқе надорад. Дар таъминоти гази моеъ Русия (53,1%) ва Қазоқистон (46,9%) нақши асосӣ доранд. Ин мавод тавассути 15 ширкати хусусӣ ворид шудааст, ки калонтаринашон «Темур ойл» (27,8%), «Аллат» (15,1%) ва «Газпромнефть – Тоҷикистон» (9,6%) мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ хабар додааст. Сабаби кам шудани гази моеъро ҳам дар ҳамин мебинанд. Танҳо дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ тақрибан 18 ҳазор электромобил ворид гардида, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ин рақам ба 13 ҳазор адад расидааст. Ба ҳамин тартиб, то 1 июни соли 2025 шумораи умумии электромобилҳо дар кишвар аз 34 ҳазор адад гузаштааст. Ба гуфтаи мутахассисон, чунин раванд ба бозори гази моеъ таъсир расонида, талабот ба ин навъи сӯзишворӣ коҳиш меёбад ва рушди инфрасохтори нақлиёти барқиро тақвият мебахшад.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *