Таъсиси ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» дар хориҷи кишвар

Ба дигарон фиристед

06 августи 2025, як гурӯҳ аз фаъолони сиёсӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, бо нашри як изҳорот аз таъсиси расмии ҳаракати нави сиёсӣ бо номи «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» хабар доданд. Ба гуфтаи муассисон, ин ҳаракат ҳамчун як ҷунбиши ислоҳотталаб, озодихоҳ ва зидди диктатураи хонаводагӣ таъсис ёфтааст.

Дар изҳороти расмӣ, ки аз номи муассисон ва гурӯҳи тадорукот дар саҳифаи фейсбукии Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи «Ислоҳ» нашр шудааст, омадааст, ки аксари аъзои ҳаракат дар даҳ соли охир бинобар таъқиб ва зулм маҷбур ба зиндагӣ дар паноҳандагӣ шудаанд. «Мо бо ҳам аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон гирд омадем, бо нияти ягона, кӯтоҳ кардани роҳи бозгашт ба Ватан ва наҷоти мардум аз як ҳукумати худкома ва оилавӣ», — таъкид мешавад дар изҳорот.

Муассисони ҳаракат изҳор доштаанд, ки сабаби ворид шудани онҳо ба саҳнаи сиёсӣ зарурати мубориза бо диктотураи хонаводагӣ аст. «Ҳар рӯзе ки ин режим бар сари қудрат аст, фақр, фасод, муҳоҷират, бедодӣ ва нобаробарӣ бештар мешавад. Моро дигар чораи ҷуз мубориза боқӣ намондааст», — омадааст дар изҳорот.

Ҳаракати навтаъсис омодагии худро барои ҳамгироӣ бо тамоми неруҳои мухолифи ҳукумат иброз дошта, ҳар қуввае, ки зидди диктатура мубориза мебарад, барои онҳо шарики стратегӣ ва ҳамсаф дониста мешавад. Онҳо таъкид карданд, ки ҳеҷ мухолифи воқеии ин режим мухолифи ҳаракат нест, зеро ҳамаи онҳо фарзандони як миллат ва як сарзаминанд.

Мақсад ва талаботи асосии ҳаракат иборатанд аз озодӣ, адолат, шаффофият ва баробарии воқеӣ дар ҳамаи заминаҳо. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистоне мехоҳанд, ки мардумаш озод, ҳукуматаш интихобӣ ва посухгӯ бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, ҳаракат ният дорад аз тамоми василаҳои муборизоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ истифода барад.

Дар ҷараёни омодасозии ин ҳаракат, муассисон намояндагиҳои худро дар як қатор кишварҳо таъсис додаанд. Ба иттилои расмӣ, феълан ҳаракати «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» дар кишварҳои Фаронса, Олмон, Итолиё, Испониё, Бритониё, Лаҳистон, Латвия, Туркия, ИМА, Канада, Мексика ва Зеландияи Нав намояндагӣ дорад. Дар оянда ташкили намояндагиҳо дар дигар кишварҳо низ дар назар аст.

Дар ҷаласаи муштараки муассисон, гурӯҳи тадорукот ва намояндагиҳо, мудири пойгоҳи «Ислоҳ» Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳайси роҳбари «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» интихоб гардидааст.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *