
Имтиёзҳо дар қабзаи “Сомон Эйр”
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қарори нав, муҳлати имтиёзҳои андозиву гумрукиро барои ширкати ҳавопаймоии хусусии «Сомон Эйр» тамдид намуд. Бар асоси ин қарор, ки дар пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст, «Сомон Эйр» то 30 августи соли 2026 ҳангоми воридоти муваққатии ду ҳавопаймои «Boeing 737-800» аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда мешавад.
Ин имтиёзҳо дар ҳолест, ки қаблан, дар соли 2022, бо тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба муддати 5 сол аз пардохти андози даромад ва ААИ озод гардида буданд. Ҳадафи эълоншудаи ин сабукиҳо паст кардани арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ барои мусофирон буд, аммо то кунун тағйироти назаррасе дар нархҳо мушоҳида нашудааст.
«Сомон Эйр» ягона ширкати ҳавопаймоии фаъол дар Тоҷикистон мебошад, дар ҳоле ки ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» бинобар мушкилоти молиявӣ фаъолияти худро қатъ кардааст. Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки маблағи боҷи гумрукӣ ва ААИ, ки «Сомон Эйр» аз он озод шудааст, чӣ қадар аст, зеро ин иттилоот расман эълон нашудааст.
Ин имтиёз дар зоҳир ҳамчун талоши дастгирии соҳаи авиатсияи кишвар муаррифӣ мешавад, аммо дар асл ба таври назаррас саволҳои зиёде дар робита ба адолати иқтисодӣ, рақобати бозор ва шаффофияти сиёсӣ ба миён меорад.
Монополия ва сирқати кисаи мардум
Тоҷикистон дар амал як ширкати фаъол дар соҳаи ҳавопаймоӣ дорад ва ин ҳам «Сомон Эйр» аст. Ширкате, ки хусусист ва бо вуҷуди хусусӣ буданаш, пайваста аз имтиёзҳои давлатӣ баҳра мебарад. Ин ҳолат ба пайдоиши монополияи воқеӣ дар бозори авиатсионӣ оварда расонидааст. Таъсири манфии чунин монополияҳо дар иқтисод кайҳо собит шудааст: ҳангоми набуди рақобат, сифати хизматрасонӣ поён меравад, арзиши билетҳо боло меравад ва истеъмолкунанда маҷбур аст интихоб надошта бошад. ба таври дигар гуем, бо зурӣ ҳукумат кисабурӣ мекунад.
Имтиёз фақат ба эркаҳо: кӣ бурд мекунад ва кӣ зарар мебинад?
Озод намудани “Сомон Эйр” аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои воридоти ҳавопаймоҳо ва дигар ҷузъҳои авиатсионӣ, дар ҳолате ки худи ширкат хусусист, на ба давлат тааллуқ дорад ва на ба мардум, баёнгари равиши фасодкорона ва даромад бо усули зургӯист.
Савол матраҳ мешавад: агар ширкат хусусист, чаро бо пули андозсупорандагон дастгирӣ шавад? Дар кишварҳое чун Ӯзбекистон ва Қирғизистон чунин имтиёзҳо одатан ба ширкатҳои давлатӣ ё лоиҳаҳое дода мешаванд, ки воқеан ба манфиати умум хизмат мекунанд.
Муқоиса бо Ӯзбекистон: пуштибонӣ аз рақобат, на аз монополия
Масалан, дар Ӯзбекистон, ширкати давлатии «Uzbekistan Airways» бо вуҷуди хусусиятҳои давлатӣ доштанаш, ба рақобат бо ширкати хусусии «Qanot Sharq» ва дигар ширкатҳо рӯ ба рӯ аст. Ҳукумати Ӯзбекистон бо ворид кардани ширкатҳои рақобатӣ ба бозор кӯшиш мекунад, нархҳоро паст кунад ва сифати хидматрасониро боло барад.
Қирғизистон ва таҷрибаи “TezJet” ва “Avia Traffic”
Қирғизистон мисоли дигари қобили мулоҳиза аст. Дар ин кишвар чандин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ фаъол аст. Ҳукумат бо ҳама яксон рафтор мекунад, сабукӣ танҳо барои сохтани фурудгоҳҳо ё хидматрасонии иҷтимоӣ дода мешавад. Нархҳои билетҳо миёнаанд ва мардум имкони байни ширкатҳо интихоб карданро доранд.
Ҳадафи имтиёз арзон кардани билет?
Дар порлумон гуфта шудааст, ки сабукӣ ба хотири арзон кардани билети ҳавопаймо дода мешавад. Аммо далелҳо комилан баръаксанд:
— Дар солҳои 2022-2024, бо вуҷуди имтиёзҳои зиёд, нархҳои билет ба Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо дар муқоиса бо ҳамсоякишварҳо хеле гарон боқӣ монданд.
— Масалан, аз Бишкек ба Истамбул билет 220 доллар аст, аз Душанбе 380 доллар.
— Ё аз Тошканд ба Дубай 240 доллар аст, аз Душанбе — 420 доллар.
Дар бораи парвозҳо ба шаҳрҳои Русия ҳоҷати гап ҳам нест.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки имтиёзҳо ба мардум нафъ намерасонанд, балки танҳо ба манфиати худи ширкат аст.
Қарор ё муаммо?
Дар қарор гуфта мешавад, ки маблағи боҷи гумрукӣ ва ААИ, ки “Сомон Эйр” озод шудааст, маълум нест. Чаро ин маълумот пинҳон аст? Шаффофият бояд меъёри ҳама гуна қарори давлатӣ бошад, махсусан вақте ки сухан дар бораи миллионҳо сомонӣ меравад.
Махфӣ нигоҳ доштани чунин иттилоот — нишонаи мустақими фасод ва муносибати ғайридемократӣ бо мардум мебошад.
«Сомон Эйр» ва оилаи Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз ҷанбаҳои муҳим, ки наметавон нодида гирифт, робитаи мустақими ширкати «Сомон Эйр» бо аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад. Тибқи таҳқиқоти журналистии нашрияҳо ва манобеи мустақил, ин ширкат ба доираи наздик ба хонаводаи президент мансуб аст. Чунин рабт, дар сурати тасдиқ, на танҳо масъалаи ахлоқиву сиёсист, балки заминаи ҳуқуқӣ низ дорад.
Бар асоси моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия», мансабдорони давлатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо наметавонанд дар равандҳои тиҷоратие иштирок кунанд, ки метавонад манфиати мустақими шахсии онҳо барқарор шавад. Дар ҳолате ки ширкате бо чунин пайвандҳо ба таври истисноӣ ва пайваста аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ баҳраманд мешавад, ин ҳолат набояд танҳо ҳамчун дастгирии иқтисодӣ маънидод шавад — балки ҳамчун ҳолати возеҳи суистифода аз мансаб ва коррупсия боя дониста шавад.
Чунин равиш, яъне мустаҳкам кардани нуфузи як гурӯҳи маҳдуд, зери ниқоби “дастгирии бахши хусусӣ”, хоси давлатҳое аст, ки дорои системаи клептократӣ мебошанд. Дар ҳолате ки миллиардҳо сомонӣ аз ҳисоби имтиёзҳо ба як ширкат бахшида мешавад, ки бо хонаводаи президент иртибот дорад, обидуни ҳеҷ мулоҳиза метавон гуфт, ки худи президент зояндаи фасодкориҳост.
Дар ҳеҷ кишвари демократӣ, наметавон мисоле овард, ки ширкати хусусии вобаста ба хонаводаи раҳбари кишвар пайваста имтиёзҳои молиявӣ бигирад, аммо аз ин ширкат ҳеҷ манфиате ба мардуму кишвар набошад. Дар кишварҳо мутамаддин чунин амал метавонад ба истеъфо ва ё ҳатто парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба масъулин оварда расонад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ин раванд муқаррарӣ ва институционализатсия шудааст.
Ниҳояти гап ҳамин, ки имтиёз додан ба ширкати хусусии “Сомон Эйр” бидуни рақобати бозорӣ, шаффофият ва адами аҳамият ба манфиати мардум — намунаи равшани сиёсати гурӯҳгароӣ, фасод ва дурӣ аз меъёрҳои иқтисоди бозорӣ мебошад. Тоҷикистон дар шароите қарор дорад, ки ислоҳоти амиқи соҳаи авиатсия ва ҷалби ширкатҳои нави хориҷӣ лозим аст.
Чаро мардуме, ки ягон манфиат аз ин ширкат надидааст, маҷбур бошад, ҳам бо қимматтарин нарх дар минтақа парвоз кунад ва ҳам ин ширкати «дармоед» аз ҳисоби андози мардум имтиёзҳо ба даст орад?
Додатро ба кӣ мегуӣ?
Шавкати Муҳаммад
Average Rating