Имзои қонунҳои ҷӯяндаи «саховати хориҷӣ» аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон

Фиристед

2 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои қабул ва тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо кард.

Тавре  хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, дар байни онҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», қонун «Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва ҳисоботи ҳуқуқвайронкунӣ»,  қонун «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ», инчунин тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мавҷуданд.

Тибқи манбаи хабар  қонунҳои имзошуда ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешниҳоди хидматрасониҳои ғайринақдӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудаанд.

Бо вуҷуди ин воҳимаҳои болохонадор ва таъкиди «ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон», як назари сарсарӣ нишон медиҳад, ки аксарияти ин эъломияҳо хосияти умумӣ доранд ва ба мазмуни амиқи қонунҳо ва таъсири онҳо ба ҷомеа равшанӣ намеандозанд. Аввалан, дар матни расмӣ маълум нест, ки ин қонунҳо чӣ гуна мушкилоти мавҷударо ҳал мекунанд ё чӣ гуна онҳо ба беҳбуди вазъи воқеии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамоянд. Масалан, қонуни «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» иқдоми мусбат аст, аммо бе муқаррароти равшани дастгирии молиявӣ, ташкили механизмҳои назорат ва фароҳам кардани имтиёзҳо, чораҷӯӣ нисбати нобаробариҳо дар истифодаи субъектҳои тиҷоратӣ, амалӣ гардидани онҳо дар амал душвор хоҳад буд. Чигуна як соҳибкор метавонад пеш равад ва ба ояндаи дурахшони худ умед дошта бошад, дар ҳоле, ки аксарияти тиҷоратҳои бузург дар инҳисори оилаи раисҷумҳур ҳастанд. Дар ин ҳол, оё як тоҷири сатҳи миёна метавонад бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои қонун кафолатдода пеш равад? Ба назарам муҳол аст, чун  бо вуҷуди як идда қонунҳое, ки ба ҳуқуқу рушди озоди соҳибкорон таъкид мекунад, аз қонун дида, бештар зур будану зургӯӣ Тоҷикистонро ҳукумат мекунад.

Ҳамчунин, ишора ба рушди тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои ғайринақдӣ масъалаи муҳими инфрасохторро пеш мегузорад. Дар Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, дастрасӣ ба интернет ва технологияи муосир маҳдуд аст, ки метавонад монеаи ҷиддӣ барои татбиқи қонунҳои марбут ба тиҷорати электронӣ гардад. Дар ин самт, зарур аст, ки пеш аз ҳама шароити зарурӣ барои татбиқи ин қонунҳо фароҳам оварда шавад.

Гузашта аз ин, қабули қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ сурат гирифтааст, аммо дар бораи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва дигар гурӯҳҳои манфиатдор дар раванди таҳия ва муҳокимаи онҳо маълумоте дода нашудааст. Аз ин бармеояд,  бо вуҷуди он ки баррасии лоиҳаҳои қавонин дар сатҳи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ сурат гирифтааст, ба муҳоқимаи он худи соҳибкорон ва коршиносони масоили марбут эҳтимол ҷалб нашудаанд.

Қонунҳо инчунин ба масъалаҳои бақайдгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ дахл мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон, муҳим аст, ки ин гуна қонунҳо бо риояи ҳуқуқҳои инсон ва кафолатҳои конститутсионӣ татбиқ шаванд, то ки онҳо ба афзоиши назорати маъмурӣ ва маҳдудсозии ҳуқуқҳо табдил наёбанд.

Қонунҳо дар Тоҷикистон дар солҳои охир ҳамчун иқдоми стратегӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи институтҳои демократӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қабул мешаванд. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки баъзе санадҳои қонунӣ бештар характери «намоишӣ» доранд. Қонунҳо на барои татбиқи воқеӣ дар сатҳи миллӣ, балки барои нишон додани риояи стандартҳои байналмилалӣ қабул мешаванд. Масалан, қонуни «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ё «Дар бораи тиҷорати электронӣ» зоҳиран барои мутобиқшавӣ ба талаботи кишварҳои донорӣ ва грантдиҳанда, ба монанди Иттиҳоди Аврупо ё Бонки Ҷаҳонӣ, қабул шудааст. Аммо дар амал, бе таъмини шароити инфрасохторӣ, дастрасии умум ба технологияҳои рақамӣ ва муҳити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ин қонунҳо ба ҳадафҳои эълоншуда бо ин аҳвол намерасанд.

Илова бар ин, қабули қонунҳои мушаххас аксар вақт боиси воридшавии сармояҳои хориҷӣ мегардад, ки гуё барои пешбурди лоиҳаҳои расмӣ истифода мешаванд, аммо таъсири воқеии онҳо ба зиндагии шаҳрвандони оддӣ ночиз мемонад. Чунин стратегияи ҷӯяндаи «саховати хориҷӣ» дар солҳои гузашта, то ҳадде муваффақ ҳам будааст, аммо нокифоятии татбиқи қонунҳо оид ба шаффофияти молиявӣ ва идоракунии давлатӣ, ки солҳост идома дорад, минбаъд метавонад аз ҷониби донорҳо ҷиддӣ талаб карда шавад.

Бинобар ин, қабули қонунҳо танҳо барои қонеъ гардондани талаботи беруна, бе нақшаи равшани татбиқ ва санҷиши таъсири онҳо ба ҷомеа, метавонад танҳо як шакли расмият бошад, на ҳалли мушкилоти воқеии кишвар. Ҳамчунин дар дарозмуддат ингуна стратегияи қаллобона дар сатҳи як ҳукумат метавонад дарди сари бештар гардад ва кишварро ба ботлоқи муфлисӣ ва фасодзадагӣ ғутонад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон борҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch ва Amnesty International, пайваста аз маҳдуд шудани озодиҳои баён, набудани иҷозаи гирдиҳамоӣ ва фаъолиятҳои сиёсии шаҳрвандон дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд. Масалан, басташавии фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъқиби аъзоёни он дар солҳои гузашта, ҳамчунин муҳокимаи судии журналистон пушти дарҳои баста ва ба солҳои тулонӣ зиндонӣ шудани онҳо,  боздошту таъқиби фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ боиси интиқоди сахт аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо гардид. Илова бар ин, қабули қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти иҷтимоӣ, аз ҷумла «Дар бораи масъулияти падару модар», бо он ки ҳадафҳои таълимӣ ва ахлоқӣ доранд, аз ҷониби коршиносон ҳамчун воситаи маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандон баҳогузорӣ мешаванд.

Бинобар, бо вуҷуди муҳим будани ин ташаббусҳо, барои татбиқи самараноки қонунҳо зарур аст, ки ҳукумат на танҳо ба қабули санадҳои меъёрӣ, балки ба механизми татбиқи онҳо, омодасозии инфрасохтор ва ҷалби васеи ҷомеа диққати бештар диҳад. Танҳо дар ин ҳолат қонунҳо метавонанд на танҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмӣ, балки ҳамчун василаҳои воқеии рушди устувор хидмат кунанд.

Вагарна, чунин ҳолатҳо ин нигарониро ба бор меоранд, ки чораҳои қабулшуда бештар ба таҳкими назорат ва маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионӣ равона шуда, ҳамчун иқдоми стратегӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи институтҳои демократӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳастанд, на ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон.

Шавкати Муҳаммад


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *