Захираи тилло ва бастагии он ба одамкушӣ дар Конибодом

Фиристед

Захираи тилло ва бастагии он ба одамкушӣ дар Конибодом

Шаби 15-уми декабр дар деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом ҳодисаи даҳшатноке рух дод, ки дар натиҷаи он чор нафар аз ду оила ба қатл расиданд. Дар байни кушташудагон Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва ҳамсараш Зарнигори 28-сола, инчунин Ойиша Шокироваи 70-сола ва писари 44-солааш Ҷавлон Шокиров буданд.

Ин аввалин чунин ҳодиса дар Конибодом нест. Аз моҳи март то ҳол дар ин минтақа дастикам ҳашт оила кушта шудаанд. Ангезаи ин кушторҳо норӯшан боқӣ мемонад ва то ҳол омилон пурра дастгир нашудаанд. Ҳатто бо вуҷуди маҳкум шудани ду нафар – Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Ашӯров ба 20 соли зиндон – пайвандони кушташудагон мегӯянд, ки агар онҳо гунаҳкор мебуданд, чунин ҳодисаҳо дигар такрор намешуданд. Ин изҳорот шубҳаи ҷомеаро ба дурустии тафтишот зиёд кардааст.

Набудани шарҳи расмӣ аз ҷониби мақомоти шаҳр ва Вазорати корҳои дохилӣ вазъиятро боз ҳам норӯшантар месозад. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки на шаҳрдорӣ ва на мақомот омода нестанд ба тамоси матбуот ҷавоб диҳанд. Ин равиш метавонад эҳтимоли пинҳон доштани маълумоти муҳим ё камбудиҳоро дар идораи тафтишот нишон диҳад.

Ҳодисаҳои пайдарпайи чунин кушторҳо ишора ба як силсила фаъолиятҳои ҷиноятӣ ё хатогиҳои ҷиддӣ дар назорати амниятӣ дорад. Ангезаҳои эҳтимолии ин кушторҳо, аз интиқоми шахсӣ сар карда то талош барои ваҳшатангезӣ дар минтақа, метавонанд гуногун бошанд. Аммо дар аксари ҳолатҳо ҷой надоштани ғоратгарӣ ё ангезаҳои моддӣ ин мавзӯъро боз ҳам мураккабтар мекунад.

Таҳлили умумӣ нишон медиҳад, ки ин кушторҳо на танҳо масъалаи маҳаллӣ, балки як мушкили ҷиддии амниятӣ дар кишвар аст. Агар чораҳои қатъӣ сари вақт гирифта нашаванд, эҳтимоли идома ёфтани чунин ҳодисаҳо баланд аст, ки ба суботи иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Шеваи қатл ва интихоби қурбониён ишора ба он мекунад, ки ҷиноят ангезаи шахсӣ, иҷтимоӣ ё ҳатто интиқомӣ дошта метавонад.
Ба куштори охир аҳамият диҳем, деҳаи Ҳисорак, ки дар наздикии маркази шаҳри Конибодом ҷойгир аст, эҳтимолан дорои равобити наздики байни сокинон мебошад. Ин ҳолат метавонад ҳамчун амали тарсондани ҷомеа дониста шавад.
Ҳолатҳои қаблии қатлҳои мармуз дар Конибодом нишон медиҳанд, ки ё мақомот дар ошкор кардани қотилон ва таҳқиқоти самаранок мушкилӣ доранд ё дар ҷиноят ангезаҳои сиёсӣ ва фишорҳои дохилии дигар мавҷуданд, ки монеаи тафтишот шудаанд. Ё инки дасти шахсони “зур” дар ин куштор вуҷуд дорад.
Бо боздошту зиндон кардани ду нафар ва идомаи ҳодисаҳои ҳамсон, эҳтимоли вуҷуд доштани қотилони сершумор ё гурӯҳиро низ нишон медиҳад. Вуҷуд доштани мақсади воҳимапароканӣ ҳам аз эҳтимол дур нест.
Кушторҳои пайдарпай ва ҳамсон дар тарзи анҷомёбии онҳо метавонанд ба ҷиноятҳои силсилавӣ ишора кунанд. Дар чунин ҳолатҳо, қотилон ё гурӯҳи ҷинояткорон эҳтимолан бо малака ва нақшаи мукаммал амал мекунанд.
Як эҳтимоли дигар ин аст, ки шояд қотил як шахси назарногири бечораву бегуноҳнамо вале дар асл шахси дорои фишори равонӣ бошад. Хусусан дар ҳолате, ки ин амалҳо силсилавӣ ҳастанд, эҳтимоли мавҷуд будани бемории равонӣ ё аломатҳои психопатӣ дар қотил вуҷуд дорад.
Бинобар танҳо аз рӯи усулҳои маъмулии соҳаи криминалистика кор бурдан ба мисли ҷамъоварии далелҳо аз ҷойи ҳодиса, таҳқиқи ҳамаи ашёҳои боқимонда дар маҳалли ҳодиса, аз ҷумла изи пой, изи ангушт ва маводҳои ДНК, муайян кардани равобити байни қурбониён ва ғайра барои расидан ба натиҷаҳои воқеӣ кофӣ нест.
Ҳодисаи мазкур як намунаи ҷинояти мураккабест, ки ҳам назорати муассири тафтишот ва ҳам таҳлили амиқи криминалистӣ бо усулҳои замонавиро талаб мекунад. Агар кушторҳо аз ҷониби як гурӯҳи муташаккил ё қотилоне бо мақсади тарҳрезишуда анҷом шуда бошанд, онҳо эҳтимолан то ҳол дар озодӣ амал мекунанд. Бо назардошти такрори чунин ҳодисаҳо, мақомот тамоми манобеъ ва технологияи муосирро барои ошкор кардани омилон бояд истифода баранд. Ҷомеа дар навбати худ бояд аз ҳамкории фаъол бо тафтишот худдорӣ накунад, то ба пайдо кардани сабабҳо ва пешгирии ҳодисаҳои минбаъда мусоидат намояд.
Имрӯз, як ҳамсӯҳбатам аз шаҳри Конибодом дар месенҷери Фейсбук бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки сабаби асосии ин кушторҳо дуздии тилло аст. Ӯ гуфт: Дар шаҳри Конибодом нафарони зиёд тиҷорати тилло доранд. Илова бар ин, аксарият ба ҷоии захираи пули иловагияшон тилло харида дар хона пинҳон мекунанд. Инро ҳама медонад. Барои ҳамин дуздодуздӣ ва одамкушӣ зиёд шудааст.
Ин нафарро, ки аз пеш шахсан мешинохтамаш ва дар бозори Панҷшанбе, Фурушгоҳи Ҳоҷӣ Абдулазиз тилофурӯшӣ мекард, гуфт, ки кайҳо тилофуруширо бас кардаасту ҳоло ба Русия бо ҳамроҳии аҳли оилааш кучидааст. Зимни ибрози назараш бо як боварии тамом гуфт, ки дар ин ҳодиса 100% оилаи раисҷумҳур даст дорад.
Ӯ гуфт: “Вақти тиллофурӯш буданам, гоҳ-гоҳ нафароне омада, аз пасандозҳоям мепурсиданд, тавсия медоданд, ки мабодо пулҳоро ва тиллоҳоро дар хонаамон хазина накунам, балки дар фалон бонк нигоҳ дорам. Баъд фаҳмидам, ки соҳиби ин бонк аз оилаи ҷаноби олӣ будааст. “
Ӯ афзуд: Ҳоло медонед чаро маҳз дар Конибодом ин кушокушӣ шуда истодааст? Барои он ки ин мардум табиатан тиллодустдор ҳастанд ва тилло харида мондан дар ин шаҳр маъмул аст. Бонкҳо аз пул холӣ шудагӣ, бо ҳамин қатлу куштори бераҳмона мардум худаш хулоса мебарорад, ки бояд пулашу чизҳои қимматбаҳояш дар ягон ҷои боэътимод захира шавад. Ҳоло чӣ дар Конибодом ва чӣ дар шаҳру навоҳии дигар мақомот аз аҳолӣ даъват дорад, ки пулу тиллояшонро дар бонк нигоҳ доранд. Гуё ин ҳам барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ фоида дораду ҳам ба давлат ва ҳам ба соҳиби ҷавоҳирот.”
Ростӣ, ин ҳам як эхтимол аст, вале онқадар бовариям наомад. Зеро, агар чунин мебуд, беш аз дигарон тиллофурушон кушта мешуданд, ки чунин нест. Ба ҳар ҳол бе шамол шохи дарахт намеҷумбад ва набояд инро нодида гирифт. Барои санҷиши ин эҳтимол зури мақомоти интизомиву амниятӣ намерасад. Зеро, агар воқеъият дошта бошад, решаи ин ваҳшатпароканӣ аз дасти зургуёни кишвар об мехурад. Дар ин ҳолат худи мардум бояд даст ба кор шаваду чораҳои зарурӣ бияндешад.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *