Проханов: Тоҷикистон дар маркази таҳдидҳои нави геополитикӣ

Фиристед

Барои маълумот

Александр Андреевич Проханов — рӯзноманигор, нависанда ва сиёсатмадори рус мебошад. Ӯ 26 феврали соли 1938 дар Тбилиси, Гурҷистон таваллуд шудааст ва бештар бо фаъолияти худ дар соҳаи журналистика, адиби сиёсӣ ва ҳамчун як шахси алоқаманд бо идеяҳои миллигароёна ва империалистии Русия маъруф аст.

Далелҳои муҳим дар бораи Проханов:

Фаъолияти журналистӣ: Проханов солҳои зиёд ҳамчун муҳаррири рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои русӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ӯ сармуҳаррири нашрияи «Завтра» мебошад, ки дар он мавзӯъҳои миллӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.

Нависандагӣ: Вай муаллифи романҳои зиёде мебошад, ки аксаран мавзӯъҳои ҷангӣ, идеологияи коммунистӣ ва ватандӯстиро фаро мегиранд. Осори ӯ бо ҷанбаи пропагандистӣ ва таъсири шадиди идеологӣ фарқ мекунад.

Идеология: Проханов ҳамчун як миллигаро ва ҷонибдори барқарорсозии таъсири геополитикии Русия пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ маъруф аст. Ӯ дар навиштаҳояш аз як навъ романтикаи империяи Русия ҳимоят мекунад.   

Танқид ва баҳсҳо: Идеология ва мавқеи сиёсии ӯ бисёр вақт боиси баҳсҳо мешавад. Баъзеҳо ӯро барои мавқеи шадид ва ғояҳои миллигароёнааш танқид мекунанд, дар ҳоле ки дигарон ӯро ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои Русия мешиносанд.

Нашри мақолаи баҳсбарангези Александр Проханов дар «Завтра»

Мақолаи Александр Проханов таҳти унвони «Мобилизационный проект — да!», ки дар рӯзномаи русии «Завтра» нашр шуд, ба таҳлили вазъи геополитикии Русия ва нақши он дар минтақаҳои доғи ҷаҳон бахшида шудааст. Муаллиф вазъи ҷаҳони муосирро ҳамчун як давраи санҷиши бузурги Русия тасвир мекунад, ки аз он барои ҳифзи манфиатҳои худ дар арсаи байналмилалӣ мубориза мебарад. Ӯ таҳдидҳо ба амнияти Русияро дар контексти нооромиҳои Ховари Миёна, Афғонистон ва паёмадҳои онҳо ба кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан Тоҷикистон, баррасӣ мекунад.

Дар қисмати мақола, ки ба Тоҷикистон дахл дорад, Проханов ҳушдор медиҳад, ки вазъи нооромиҳои Афғонистон метавонад боиси паҳншавии низоъ ба сарҳадоти ҷанубии Русия гардад. Ӯ менависад, ки «лаваи тафсон аз Афғонистон ба воситаи сарҳад ба Душанбе, ба пойгоҳи низомии Русия ва ба нерӯҳои русӣ равон хоҳад шуд». Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маркази задухӯрдҳои эҳтимолӣ табдил хоҳанд ёфт, ки дар он нерӯҳои Русия маҷбур хоҳанд шуд дар доираи СААД дахолат кунанд.

Мақола инчунин муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ҳамчун як гурӯҳи осебпазир номбар мекунад. Муаллиф ишора мекунад, ки «муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба заминаи ҳосилхези терроризми исломӣ табдил ёбанд», ки ин метавонад амнияти дохилии Русияро низ таҳдид кунад.

Ин изҳорот дар замоне садо медиҳад, ки вазъияти амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон таҳти назорати сахт қарор дорад, аммо коршиносон мегӯянд, ки ҳарҷанд Тоҷикистон бо дастгирии Русия ва кишварҳои шарики СААД кӯшиш мекунад, то амнияти минтақаро ҳифз кунад, эҳтимоли таҳдидҳо аз ҷониби ҷангҷӯён баъид нест.

Чун фишор ва нақзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои узви СААД ба авҷи аъло расидааст.

Ҳамин тавр ин навиштаи Проханов, на танҳо вазъияти Сурияро дар контексти глобалӣ шарҳ медиҳад, балки бо изҳори назари пешгӯӣкунандаи худ таҳдидҳоро ба минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон, нишон медиҳад.

Навиштаи Проханов бо услуби драмавӣ ва эҳсосӣ таҳия шудааст, ки бештар ба хонанда таъсири рӯҳӣ расониданро ҳадаф дорад, на пешниҳод кардани таҳлил ё далелҳои объективӣ. Мавзӯъ бо суханони пуртаъсир ва тасвирҳои пур аз хатар ифода меёбад, ки метавонанд бештар ба афзоиши ташвишу нигаронӣ сабаб шаванд. Чунин услуб барои як мақолаи таҳлилӣ каме номувофиқ аст, зеро он бештар  бо эҳсосот бозӣ мекунад.

Муаллиф ишора мекунад, ки пас аз «рафтани Русия аз Сурия» вазъияти минтақа бадтар шудааст. Аммо воқеияти геополитикии кунунӣ нишон медиҳад, ки ҳузури Русия дар Сурия коҳиш наёфтааст, балки аз ҷиҳати стратегӣ тағйир ёфтааст:

«Русия то ҳол пойгоҳҳои низомии худро дар Сурия нигоҳ дошта, ҳамкориро бо ҳукумати Башор Асад идома медиҳад. Изҳороти дар бораи «таслим шудани Димишқ» воқеиятро ифода намекунад ва бештар хислати рамзӣ дорад»,  — мегӯяд Проханов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки худи Башор Асад дар фирор асту ҳукуматаш дар Димишқ суқут кардааст. Золо бошад, дар Сурия ҳукумати муваққат ташкил шудааст.

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар мақолаи Проханов

Дар мақола Тоҷикистон ҳамчун нуқтаи эҳтимолии заиф ва хатарнок дониста мешавад.

Дар мақола муаллиф воҳима мекунад, ки наздикии Тоҷикистон бо Афғонистон боиси афзоиши эҳтимолии таҳдидҳо аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ мегардад. Аммо воқеъият ин аст, ки Толибон, ки имрӯз ҳукумати Афғонистонро идора мекунад, дар тамоми замони фаъолияти низомияш ба ягон кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ таҳдиди амниятӣ надошт. Айни ҳол бошад, дар чандин суханрониҳои роҳбарони ин гурӯҳ гуфта шудааст, ки ҷуғрофияи фаъолияти сиёсию низомиии онҳо танҳо Афғонистон хоҳад буд ва ба ягон кишвари ҳамсоя таҳдиде нахоҳад шуд..

 Фолбинии Проханов ба ҷойи таҳлил

Проханов бо роҳи пешгӯии сенарияҳои апокалиптикӣ, аз ҷумла «шабакаҳои терористӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик», воҳима мекунад, ки боиси таҳрики эҳсосоти зидди муҳоҷирон мегардад. Ин омил метавонад баҳсҳои иҷтимоӣ ва нажодиро дар худи Русия афзоиш диҳад ва барои Тоҷикистон низ пайомадҳои манфӣ дошта бошад. Зеро муҳоҷирон наметавонанд худ аз худ «хатар» бошанд, агар дар ҷомеи мизбон ба онҳо муносибати дуруст сурат бигирад.

Чунин изҳорот метавонад ба муносибатҳои байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Русия таъсири манфӣ расонад. Бепарвоии ҳукумати Тоҷикистон ба чунин изҳороту муносибатҳои хашин нисбати шаҳрвандонаш дар хориҷ метавонад вазъиятро вахимтар кунад.

Ҳушдор ба режими Тоҷикистон

Ҳарчанд матлаби Проханов таҳлили амиқ нест, он барои Тоҷикистон ҳамчун ҳушдор қабул шуда метавонад. Дар шароити кунунӣ Тоҷикистон мисли Арманистон  хуб мешуд як ҷасорат мекарду худро аз фитнаҳои СААД ва “дрижер”-и он Русия наҷот медод. Зеро, борҳо шоҳиди он шудаем, ки чунин воҳимапароканиҳои коршиносони “пропагандист”-и Русия ҳамеша пеши сели фитнаҳои бузурги ин кишвар будааст. 

Чизи дигар, Тоҷикистон мебоист дар сатҳи дипломатӣ бо Русия ва дигар шарикон, муносибатҳоро дар мувозинат идома медод, то баробарҳукуқиаш бо шарикони стратегияш таъмин бошад ва аз барчаспҳои нодуруст, таҳқир шудану маломатҳои болохонадор эмин монад.

Дар охир бояд як чиз ногуфта намонад, ки воқеан агар дар раъси ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоту дигаргуние бо роҳи осоишта ба миён наояд, на таҳдид аз хориҷ, балки аз худи дохил ба миён хоҳад омад. Заминаҳои онро муносибати золимонаи ҳукумати Тоҷикистон нисбати аҳолӣ муҳайё кардааст.  Барои бартарафии ин таҳдид зури даҳ СААД ҳам намерасад. Чун ин таҳдид агар сар зад ҳатман аз нерӯи мардумӣ маншаъ мегирад.

Шавкати Муҳаммад


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *