Ҳаводиси Сурия: Омилҳои пирузии мухолифон ва чолишҳои пеши руи онҳо

Фиристед

Таҳаввулоти Сурия яке аз руйдодҳои нодир дар навъи худаш дар ҷаҳони имрӯз мебошад, ки воқеан ҳамаи мардуми ҷаҳонро шигифтзада кардааст. Пас аз оғози инқилобҳои баҳори арабӣ дар Ховари Миёна, ҷанги дохилии Сурия дастаке шуд барои тарсондани мардум ва ҳифзи қудрати диктаторҳо. Аммо ҳоло ин пирӯзии барқосо метавонад варақро баргардонад ва шуълаи умеде бошад барои мардум ва озодихоҳон. Мехоҳам мухтасаран ба омилҳои пирузии мухолифон ва чолишҳои пеши руи онҳо ишора кунам, ки фикр мекунам барои мо тоҷикон муҳим ҳастанд. Ман омилҳоро ба сиёсиву иҷтимоиву низомиву ғайра табақабандӣ намекунам ва ба шакли умумӣ онҳоро матраҳ мекунам.
1. Надоштани машруъият дар миёни мардум ва такя кардан ба хонавода ва ақалияти алавӣ ва тамоми имконоти иқтисодиву сиёсии кишварро дар ихтиёри онҳо гузоштан.
2. Аз ҳам пошидагии системи давлатдорӣ ва аз контроли Асад хориҷ шудани он. Системаи давлатдорӣ дар ин кишвар аз даврони Ҳофиз Асад падари Башор Асад боқӣ монда буд ва ба таври бояду шояд ба руз ва нав нашуда ва ҷавобгӯи вазъияти ҷадиди ҷаҳонӣ ва минтақаӣ набуд.
3. Такя бар ду асли низомӣ ва амниятӣ дар ҳифзи қудрат, ки ин ду ниҳод то муддате метавонанд зомини қудрат бошанд, вале вақте онҳо ангеза ва коромадии худро аз даст бидиҳанд, натиҷааш ҷуз фурупошии низом ва шикаст нахоҳад буд.
4. Ба хотири ҳифзи қудрат Сурияро ба майдони бархурди манофеъи кишварҳои мухталиф табдил додан. Сурия ба майдони набарди кишварҳои мухталиф табдил ёфта буд, ки онро аз ҳар назар осебпазиртар карда буд.
5. Манфиатҳои кишвари Сурия қурбони манфиатҳои Асад ва хонаводааш шуда буд. Яъне Суря ба як кишвари хунсо табдил шуд, ки ҳар кишваре дар он манфиат дошт ба ҷуз худи Сурия. Танҳо манфиати Сурия хулоса шуда буд дар ҳифзи қудрати Башор Асад.
6. Ҷанбаи мазҳабӣ гирифтани масъала ва пурранг шудани ҳукумати ақалияти мазҳабӣ бар аксарият. То замоне, ки Башор аз номи ҳизби Баъс ва ҳамчун баъсӣ ҳукумат мекард, мардум ба масоил аз даричаи мазҳаб ва эътиқод баҳо намедоданд, ва идораи умур барояш осонтар буд, аммо замоне, ки “Алавияти” Асад бар “Баъсияти” ӯ чира шуд ва неруҳое бо гароишҳо ва шиорҳои мазҳабӣ вориди қазия шуданд, эҳсосоти мазҳабии аксарияти ҷомеа ҷариҳадор гардида, нохудогоҳ Асад дар ҷомеаи худаш мунзавитар ба бегонатар гардид.
7. Заъиф шудани Русия дар ҷанг бо Украина ва надоштани имконоти изофӣ барои ҳимоят аз Башор Асад. Агарчӣ бархе таҳлилгарон инро ҳам матраҳ кардаанд, ки Русия ба хотири манофеъи худаш Сурияро муомила кард, аммо ин ҳоло дар ҳадди як фарзия аст ва то куҷо воқеият дорад барои ман равшан нест.
8. Заиф шудани Ирон ва Ҳизбуллоҳ дар як соли охир аз зарбаҳои Исроил. Ирон ба хотири ҳимоят аз Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ масрафи зиёде кард ва Исроил аз нигоҳи амниятӣ ҳам дар миёни неруҳои вобаста ба Ирон нуфузи зиёде пайдо кард ва тавонист зарбаи сахте ба онҳо ворид кунад. Аз инфиҷори Пейҷерҳо то кушта шудани раҳбарони Ҳизбуллоҳ ва мусташорони низомии Ирон дар Сурия ва Лубнон ҳама бар қудрати Ҷумҳурии Исломии Ирон дар минтақа таъсир дошт ва амалан Ирон дигар тавони ҳимоят аз Асадро надошт.
9. Омодагии хуби низомии мухолифони Сурия дар чанд соли оромӣ. Мухолифони Асад дар ин муддат тавонистаанд ба фановариҳои ҷадиди паҳподӣ ва мушакӣ, ки замоне танҳо дар ихтиёри чанд кишвар буд, муҷаҳҳаз шаванд.
10. Муҷаҳҳаз шудани мухолифони Асад бо интернети Старлинк. Мухолифон вориди ҳар минтақае мешуданд бо интернет муҷаҳҳаз буданд ва билофосила наворҳои худро нашр мекарданд. Ин кор боиси тақвияти руҳияи мухолифон ва тазъифи руҳияи сарбозони Башор Асад мешуд. Ҳамчунин бо истифода аз интернет метавонистанд аз маълумотҳои фазоӣ истифода бурда, ҳаракати неруҳои Асадро лаҳза ба лаҳза расад кунанд ва ба воситаи паҳбод ба онҳо зарба зананд, ки ин муҳимтарин нуқтаи қуввати онҳо аз нигоҳи майдонӣ буд.
11. Созмондеҳӣ ва мудирияти неруҳо. Дида мешавад, ки мухолифин дар муддати дар даст доштани ҳокимияти Идлиб машғули созмондеҳӣ ва ҳамоҳангӣ бо дигар неруҳои мавҷуд дар Сурия будаанд. Аз тарзи ворид шудан ва бархурди онҳо бо мардуми маҳаллӣ ва муносибат бо сарбозону чиновникҳои давлатӣ, ба назар мерасад, ки онҳо бо кори систематик ва ниҳодина ошноии комил доранд. Ба назари ман ин ҳам яке аз омилҳои таъсиргузор дар пирузии мухолифони Башор Асад мебошад.
12. Таҳаввули фикрии мухолифон: Онҳо бо ташкили ҳукумат дар Идлиб ва муносибати дуруст бо мардум ва роҳандозии ниҳодҳои мадании солим ва суҳбат бо тарафҳои мухталиф тавонистанд бозингарон ва қудратҳои таъсиргузори минтақаро мутақоид созанд, ки онҳо аз офкору андешаи Алқоидаву ДИИШ комилан фосила гирифтаанд ва омодаанд баъди сарнагунии Башор як ҳукумати демократӣ ва озод ташкил кунанд. Инро дар мусоҳибаи раҳбари Мухолифон бо шабакаи CNN ба таври возеҳ мушоҳида кардем.
Аммо пируз шудани мухолифон ва фирори Асад поёни кор нест, балки оғози кор аст. Ҳамеша вайрон кардан ё аз байн бурдан осонтар аз сохтан аст. Ҳоло марҳилаи нави пеши рӯи ҳукумати ҷадиди Сурия ба маротиб печидатар аз марҳалаи гузашта хоҳад буд. Дар ин марҳала чолишҳои мутаъаддиде пеши рӯи онҳост.
1. Тавофуқ бар сари шакли ҳукумат. Бо таваҷҷӯҳ ба онки мухолифин аз чандин гурӯҳи мухталифи динӣ иборат ҳастанд, оё онҳо бар сари як ҳукумати демократӣ ба осонӣ ба тавофуқ хоҳанд расид? Ҳукумати ояндаи Сурия динӣ хоҳад буд ё дунявӣ? Ин яке аз чолишҳои аслии пеши рӯи онҳост.
2. Муносибати ҳукумати ҷадид бо курдҳо чигуна хоҳад буд. Курдҳо неруи қавии низомӣ доранд ва Туркия ҳамчун яке аз муттаҳидони аслии ҳукумати ҷадид Сурия онҳоро барои худаш таҳдид медонад. Ҳукумати ҷадид бояд ин масхаларо ба гунае ҳал кунад, ки ҳам Туркия ва ҳам Амрико қабул намоянд. Вақт нишон хоҳад дод, ки онҳо то куҷо муваффақ хоҳанд шуд.
3. Чолиши дигари пеши руи онҳо Исроил хоҳад буд. Сурия аз гузашта то охирин лаҳзаҳои суқути Башор Асад бо Ирон ва Ҳамосу Ҳизбуллоҳ ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ робитаи хуб доштааст ва ҳамеша мубориза бо Исроил яке аз вижагиҳои аслии ин кишвар шудааст. Дар миёни неруҳои “таҳриру Шом” низ кам нестанд размандагоне, ки ҳимоят аз Фаласин ва мубориза бо Исроилро ҷузъи эътиқоди худ медонанд ва таҳаммули ончиро имрӯз дар Фаластин мегузарад надоранд. Пас ҳукумати ҷадид дар муносибат бо Исроил чӣ тасмиме хоҳад гирифт?
Аз тарафи дигар бархе таҳлилгарони исроилӣ неруҳои “Таҳрирушшом”ро хатарноктар аз Ирон ва Ҳизбуллоҳ медонанд ва Исроил аллакай вориди марзҳои Сурия шудааст. Ояндаи муносибатҳо чигуна хоҳад шуд мунтазир мемонем.
4. Ҳамдигарбахшӣ ва самзистӣ: яке аз мушкилоти аслии ҷангҳои дохилӣ ҳамеша ҳамин ҳамдигарбахшист. Мардуме, ки то чанд вақт пештар эътиқодан ва шаръан рехтани хуни якдигарро ҷоиз медонистанд ва ҳоло ҳам аз нигоҳи эътиқодӣ қасосро ҳаққи худ медонанд оё метавонанд дар канори ҳам бидани мушкил зиндагӣ кунанд? Кинаву нафрат ва тарсу ваҳшати мавҷуд дар дилҳо метавонад мавриди суистифода дигарон қарор гирад ва метавонад амният ва оромии ҷомеаро ба хатар мувоҷеҳ кунад. Бо таваҷҷӯҳ ба теъдоди куштаҳои зиёд дар миёни мардуми Сурия контроли эҳсосот ва кам кардани душманӣ яке аз чолишҳои дигари пеши рӯи ҳукумати ҷадид Сурия хоҳад буд.
Ҳоло марҳалаи нави таърихи Сурия оғоз шудааст, ки сарнавишти ин кишварро дар оянда рақам хоҳад зад. Ояндае, ки метавонад бар кулли минтақа таъсир дошта бошад.
Бунёди ҳукумати устувор ва ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ниёз ба ҳамкории густардаи дохилӣ ва байналмилалӣ дорад. Ҳамкорие, ки ҳукумати ҷадид то инҷои кор онро ба беҳтарин шакл ба намоиш гузоштааст. Аммо дар марҳалаи душвори баъдӣ чӣ хоҳад шуд вақт нишон хоҳад дод.

Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *