
Сурия: Пирӯзии мубориза бо истибдод ва ҳузури тоҷикон дар он
Озодии Сурия аз зулму истибдоди 54 солаи хонадони Башор Асад яке аз рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз дар сафҳаи таърихи муосири ин кишвар сабт мешавад. Ин озодӣ ба таври ногаҳонӣ ҷомеаи байналмилалиро такон дод. Шаҳрвандони зиёде, ки қаблан интизор набуданд, муборизон бо чунин суръат ва тадбир пешравӣ кунанд, аз ин рӯйдод ҳайратзада шуданд. Худи мардуми муҳоҷири Сурия, ки шояд кайҳо ғурбати муҳоҷират ба дилашон зада буд, бозгашт ба хонаҳои худро сар карданд.
Димишқ — пойтахт ва рамзи иқтидор барои Башор Асад ва ҳукумати ӯ буд. Ин шаҳр солҳои зиёд ҳамчун қалъаи ҳокимияти низомӣ, сиёсӣ ва маъмурӣ хидмат мекард. Бо зулму истибдод ба мардум, бо муҳосираҳои шадиди низомӣ ва иқтисодии ҳаракатҳои ҷиҳодиву озодихоҳ Башор Асад бо кӯмаки кишварҳои диктаторпарвар тавониста буд Димишқро таҳти назорат нигоҳ дорад. Аммо ин ҳолат бо ҳамлаи ғайриинтизори ҷабҳаи муқовимат тағйир ёфт.
Ҷангҳои шадид дар канораҳои шаҳр оғоз шуданд, ки дар онҳо нерӯҳои мухолифин бо истифода аз тактикаҳои фавқулодда ва аслиҳаи пешрафта пешрафт мекарданд. Муборизин тавонистанд, бо истифода аз имкониятҳои низомии худ, нерӯҳои ҳукумати Башор Асадро ба ақибнишинӣ маҷбур кунанд. Дар муддати як ҳафта, марзҳои дохилӣ, муҳимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Сурия ва ниҳоят Димишқ таҳти назорати мухолифин қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷанг, қасрҳои ҳукуматӣ ва муассисаҳои калидии давлатӣ ба ихтиёри озодихоҳон гузашт. Муборизин рамзҳои зиёде аз низоми Башор Асад ва падарашро вайрон карданд, ки ин як намоиши суқути золими сулолапарвар буд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки руйдод на танҳо ҳамчун пирӯзии низомӣ, балки ҳамчун рамзи шикастани низоми Башор Асад дар таърих сабт хоҳад шуд.
Ҳарчанд дар ин пирӯзиҳо ба вуҷуд доштани дасти қудратҳои хориҷӣ низ ишора мешавад, вале ирода, тактика ва корбариҳои профессионалию ҷангии муборизин воқеъияти ҳол буд. Ҳатто мусоҳибаҳои Ҷулонӣ, роҳбари ҷабҳаи муқовимат баёнгари он аст, ки Ҷулонӣ на фақат ҷангҷӯ, балки як сиёсатмадори тамомайёр будааст.
Ҳузури ҷангҷуёни тоҷикистонӣ дар Сурия
Дар ин ҷанг ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик низ тасдиқ шуд. Якчанд наворҳои видеоӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷангҳои шадиди Сурия шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи муборизин қарор доштанд. Ин наворҳо баҳсҳои зиёдеро дар дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан дар Тоҷикистон ба миён оварданд.
Барои бисёриҳо, ин руйдод на танҳо баёнгари қувватгирии иродаи гурӯҳҳои мухолиф алайҳи зулму истибдод аст, балки як огоҳӣ ба ҳукуматҳои минтақавӣ низ мебошад. Таҳлилгарон бар онанд, ки ин рӯйдод метавонад ба тағйироти бузурги геополитикӣ дар минтақа оварда расонад.
Бо вуҷуди ин, масъалаи амнияти мардуми осоишта ва ояндаи минтақа ҳанӯз номуайян боқӣ мемонад. Озодии Димишқ як марҳалаи нави сиёсӣ дар Сурияро нишон медиҳад, ки бо ибрат аз он қудратҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, хусусан роҳбарони кишварҳои диктотурӣ бояд мавқеъҳои худро бознигарӣ кунанд.
Ҷанги шаҳрвандии Сурия, ки аз соли 2011 оғоз шуд, аз аввал танҳо як масъалаи дохилии Сурия набуд. Ин низоъ ба як майдони мухталифи манфиатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфт. Дар ин ҷанг, ки қариб 14 сол давом мекунад, гурӯҳҳои гуногун бо ҳадафҳои мухталиф иштирок доранд. Дар ин замина, мавқеи ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи муборизони мухталифи Сурия, хусусан ҷабҳаи муқовимат, барои таҳлил муҳим аст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ аз манобеаш дар мақомоти қудратии Тоҷикистон, дар минтақаи Идлиб ҳудуди 374 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доштаанд. Аммо тибқи баъзе манобеъи дигари ғайрирасмӣ теъдоди тоҷикон дар сафи муборизони Сурия аз панҷ ҳазор убур мекунад. Бар замми ин аксарияти онҳо бо аҳли оилаи худ онҷо маскан гирифтаанд. Ин ҷангҷӯён, ки ба далели таъқиби сиёсии режими Душанбе ватанашонро тарк кардаанд, на танҳо бо режими Башор Асад, балки тибқи даъвояшон бо мақсадҳои озодихоҳона ба Сурия рафтаанд.
Ин гурӯҳи мусаллаҳ, ки дар баробари режимҳои золим ва мухолифони адолат меҷанганд, то оғози шӯриш ҳудуди аз 30 ҳазор ҷангҷӯ иборат буда, шаҳрвандони кишварҳои гуногунро муттаҳид мекард. Аммо то расидан ба Димишқ сафи муборизин аз 80 ҳазор убур кард. Ҳадафи онҳо на танҳо озодии Сурия аз зулми Башор Асад, балки пуштибонӣ аз арзишҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар мебошад. Ҳузури тоҷикон дар ин ҷанг нишон медиҳад, ки онҳо на танҳо барои ҳифзи дини худ, балки барои адолати умумӣ талош мекунанд.
Баррасии таърихи тоҷикон нишон медиҳад, ки ин миллат аз замонҳои қадим бо истибдод мухолиф буд. Ҷангҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар Сурия қарор доранд, идомадиҳандаи ин анъанаи муқовиматанд. Онҳо, гарчанде дар кишварҳои хориҷӣ қарор дошта бошанд, дар муқобили золимони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ истодаанд.
Аммо бояд зикр кард, ки на ҳамаи тоҷиконе, ки ба Сурия рафтаанд, андешаҳои созгор бо ҷомеаи мутамаддин доранд. Ҳарчанд тибқи шарҳи баъзе таҳлилгарон дар ин чанд соли охир ҷаҳонбинӣ ва дониши сиёсии онҳо такмил ёфта, дарси сиёсати байналмиллалӣ ва ҳуқуқи ҷомеаи демократӣ омӯхта, назарҳои худро сайқал додаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки мисли ҳар кишвари диктатории дигар аз ин ҷавонон экстремисту террорист метарошид, ҳоло ба як воқеъияти дигар рӯ ба рӯ шуд, ки қабули ин воқеъият барояш сангин аст.
Ҳоло мисли ҳукумати Тоҷикистон, ки чанд кишвари диктаторпарвар ин муборизонро террористу даҳшатафкан унвон мекарданд, тӯли се рӯзи охир ба тамом 180 дараҷа назарашон тоб хурд.
Ҳоло ба ҳамагон маълум шуд, ки ҷангҷӯёни тоҷик, ки аксаран аз таъқиботи режими худ фирор кардаанд, қурбонии истибдод ҳастанд.
“Ҳайати Таҳрир аш-Шом”, ки бо шиори мубориза бар зидди золимон амал мекунад, гарчанде, ки дар баъзе кишварҳо террористӣ ҳисобида мешавад, барои қисме аз ҷангҷӯён, аз ҷумла тоҷикон, як платформаи мубориза барои адолат шудааст. Ин нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик бо вуҷуди он ки дур аз ватан ҳастанд, орзуи адолат ва озодӣ дар ватани худро низ дар дил доранд. Бояд қайд кард, ки онҳо дар ин марҳила боз ҳам айёртару дорои таҷрибаи бештари муқовимат шуданд.
Дар умум, ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия, на танҳо як масъалаи амниятӣ, балки як масъалаи сиёсиву иҷтимоист. Бинобар, агар ақли солим ғалаба кунад пеши роҳи такрори тақдири Башор Асад дар Тоҷикистон ба таври осоишта гирифта мешавад. Чун талхии оқибати муноқишаҳои мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандиро мо тоҷикон чашидаем. Медонем, ки изи ҷангро ба осонӣ руфта намешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ салоҳи кор мебуд ин масъаларо ҳамчун як бахши муҳими ҳалли низои на танҳо Сурия, балки байналмилалӣ баррасӣ мекард. Танҳо бо кушишҳои ҳамҷоя ва ибратгирӣ аз оқибати дастгирии диктаторон метавон ин мушкилотро ҳал кард.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating