Созиши марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Фиристед

Таҳкими ҳамсоягӣ ё гузаштҳои ношаффоф?

Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабр эълон карданд, ки масъалаи марзии байни ду кишвар, ки дар гузашта сабаби муноқишаҳои хунин ва хунрезӣ шуда буд, ба пуррагӣ ҳал шудааст. Ин тасмим пас аз нишасти кумиссияҳои байниҳукуматӣ дар шаҳри Бодканд қабул шуд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ва Қамчибек Тошиев, ҳамтои ӯ аз Қирғизистон, гуфтанд, ки сарҳади байнидавлатӣ муайян шуда, барои имзои созишнома ба президентҳои кишварҳо пешниҳод хоҳад гашт.

Ҳарчанд ҷонибҳо ин лаҳзаро «таърихӣ» номиданд, ҷузъиёти кадом қаламравҳо ба кадом кишвар вогузор шудаанд, нашр нашудааст. Дар гузашта номуайяниҳо дар марз сабаби муноқишаҳои хунбори солҳои 2021 ва 2022 шуда буданд, ки даҳҳо кушта ва захмӣ боқӣ гузоштанд.

Гуфтушунидҳо паси дарҳои баста ҷараён гирифтаанд, ва набудани шаффофият дар бораи созишнома саволҳои зиёдеро дар байни мардум ва коршиносон ба миён меорад.

Хабари расонаишуда дар бораи анҷоми марзнигорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар гузашта ба муноқишаҳои хунин сабаб шуда буд, як рӯйдоди муҳим аст. Аммо он чанд паҳлуҳои зиёди норавшан ва эҳтимолан хатарнок дорад.

«Лаҳзаи таърихӣ» дар контексти муноқишаҳо

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, лаҳзаи  анҷоми марзнигориро таърихӣ номида гуфт, «дар ин ҷаласа масъалаҳои вобаста ба марз ҳаллу фасл ва тамоми тӯли сарҳад мувофиқа карда шуд. Ман бо тамоми масъулият гуфта метавонам, ки ин лаҳзаи таърихӣ аст.” 

«Лаҳзаи таърихӣ» номидани анҷоми марзнигорӣ шояд бештар як василаи сиёсии ором кардани афкори умум бошад, на як комёбии воқеӣ. Агарчӣ марзнигорӣ расман ба поён расидааст, тафсилот дар бораи кадом минтақаҳо ба кадом тараф гузаштаанд, ҳанӯз расонаӣ нашудааст. Ин норавшанӣ метавонад мавҷи нави норизоиятиро дар байни мардум ба вуҷуд орад, хусусан дар минтақаҳое, ки ба таври мустақим ба марз таъсир мерасонанд.

Ҳамаи гуфтушунидҳо дар паси дарҳои баста сурат гирифтаанд, ва ин метавонад эҳсоси нобовариро байни шаҳрвандон зиёд кунад. Дар чунин ҳолатҳо, шаффофият муҳим аст. Набудани иттилооти ошкоро ва мушаххас дар бораи марзнигорӣ метавонад ба таҳрики эҳсосоти миллӣ ва мухолифатҳо сабаб шавад.

Гуфта шудааст, ки пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, порлумонҳо ва президентҳо созишномаро тасдиқ хоҳанд кард. Аммо, таҷриба нишон медиҳад, ки чунин раванди бюрократӣ метавонад кашол ёбад ё бо мухолифати гурӯҳҳои манфиатдор рӯбарӯ шавад. Ҳарду кишвар бояд механизми возеҳ ва босуръати иҷрои созишномаро таҳия кунанд, то аз сар задани муноқишаҳои нав пешгирӣ шавад.

Муноқишаҳои солҳои 2021 ва 2022 нишон доданд, ки масъалаҳои марзӣ на танҳо техникӣ, балки иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар чунин минтақаҳо, ҳалли марзӣ на танҳо хати сарҳадро муайян мекунад, балки зиндагии ҳазорон нафарро тағйир медиҳад. 

Дар ҳоле ки расидан ба як созишномаи расмӣ қадами мусбат ба сӯи сулҳ аст, натиҷаи он ба як қатор омилҳо вобаста хоҳад буд: шаффофият, иродаи сиёсӣ, дастгирии мардум ва механизми иҷрои он. Бидуни ин омилҳо, чунин созишнома метавонад на «таърихӣ», балки як манбаи нави низоъ гардад.

«Гуфтушуниди фарогир» ва “супоришҳо ба зеркомиссияҳо”

Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон бошад ҳамчун намояндаи баландпояи Тоҷикистон дар ин музокирот, суханони худро ба таври хеле умумӣ ва бо чанд лағжишҳо дар ҷумлабандӣ баён кард.

Ятимов таъкид кард, ки «гуфтушуниди фарогир» баргузор шуд ва ба зеркомиссияҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ супоришҳо дода шуданд, то масъалаҳоро то охир кор кунанд. Аммо саволе матраҳ мешавад: агар ин гуфтушунидҳо фарогир ва комил буданд, чаро зарурати ин қадар корҳои иловагӣ боқӣ мондааст? Ин нишон медиҳад, ки созишнома ба қадри кофӣ равшан нест ва бо ҷузъиёти амалӣ ҳанӯз мушкилот мавҷуданд.

 «Тадриҷан ноил шудан ба созишномаи байнидавлатӣ»

Ин изҳорот норӯшаниҳои зиёдеро ифода мекунад. Ятимов гуфт: “Дар давоми кор навбат ба масъалаи созмондиҳии ҳуқуқӣ мерасад ва мо тадриҷан ба созишномаи байнидавлатии таъйини сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ноил мешавем.” 

«Тадриҷан» маънои онро дорад, ки раванд на танҳо вақтталаб аст, балки эҳтимоли баҳсҳо ва кашолкории иловагӣ вуҷуд дорад. Инчунин, чунин суханон метавонад воситаи ором кардани афкори умумӣ бошад, то ки нофаҳмиҳои мавҷударо муваққатан пинҳон кунад.

Ҳамин тавр Саймуъмин Ятимов ягон маълумоти мушаххас дар бораи натиҷаҳои гуфтушунидҳо надод. Ӯ на шарҳ дод, ки кадом минтақаҳо ба кадом кишвар гузошта мешаванд ва на шарҳ дод, ки қарорҳо чӣ гуна ба зиндагии сокинони минтақа таъсир хоҳанд дошт. Ин набудани ҷузъиёт метавонад нишондиҳандаи он бошад, ки созишнома ба ҳалли воқеии мушкилот не, балки ба як навъ «созишномаи сиёсии рӯйпӯшкунанда» нигаронида шудааст.

Изҳороти Ятимов бештар ба як санади дипломатӣ монанд аст, ки аз суханони умумӣ ва формалӣ иборат буда, чунин суханон танҳо эҳсоси шубҳаро дар байни мардум зиёд мекунанд. Ҳамин қадар.

Шавкати Муҳаммад

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *