СААД ва «Таҳдиди Афғонистон ба амнияти минтақа»

Фиристед

Дар нишасти ахири Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД), ки 28 ноябри соли 2024 дар Остона баргузор шуд, сарони кишварҳои узв як қатор қарорҳои амниятӣ, аз ҷумла “Барномаи ҳадафманди байнидавлатӣ оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон”-ро ба тасвиб расониданд. Ин иқдом дар замоне амалӣ мешавад, ки бино ба воҳимаи ҳукумати Тоҷикистон минтақа бо таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, хусусан аз ҷониби гурӯҳҳои тундрави мустақар дар Афғонистон, рӯ ба рӯст. Гарчанде ҷузъиёти барномаи тасдиқшуда ҳанӯз ошкор нашудаанд, тасвиби он баёнгари он аст, ки кишварҳои узви СААД, аз ҷумла Русия, ба масъалаи суботи марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Ба Эмомалӣ Раҳмон  муяссар шудааст, ки бо ба саҳна гузоштани чанд намоишҳо, ҳам кишварҳои узви СААД ва ҳам ҳамсояҳои Тоҷикистон ба хусус Чинро ба таҳдиди амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бовар кунонад. Дар ин бора дар поёнтар гуфта мегузарем.

Мавқеи Тоҷикистон дар ин масъала хос аст. Ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар дар як нуқтаи стратегии Осиёи Марказӣ, ки ҳаммарз бо Афғонистон мебошад, режими феълии Тоҷикистон тавонистааст онро як майдони асосии мубориза бо таҳдидҳои минтақавӣ ҷилва диҳад. Афғонистон, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ таҳти назорати Толибон қарор гирифт, ҳоло бо даъвои режими Тоҷикистон ба майдони фаъоли гурӯҳҳои тундрави байналмилалӣ табдил ёфтааст. Гуё ҳузури гурӯҳҳое чун ДОИШ ва ҳаракатҳои дигари иртиҷоӣ дар шимоли Афғонистон боиси он шудааст, ки Тоҷикистон, ба ҳайси як ҳамсоя, бо хатари мустақими ҳамлаҳои террористӣ рӯбарӯ аст.

Ҳодисаи ахири ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон, ки боиси кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани чанд тани дигар гардид, ин саҳнаро ба намоиш гузошт, ки таҳдидҳо на танҳо эҳтимолӣ, балки воқеӣ мебошанд. Дар ин ҳамла ҳарчанд чанд тан фақат захмӣ шуданду зинда монданд, маҳз як шаҳрванди Чин кушта шуд.

-Чаро маҳз шаҳрванди Чин?

-Барои он ки бояд ба воҳимаҳои режими Тоҷикистон Чин ҳам бовар кунад.

-Чаро маҳз пешопеши Саммити СААД?

-Барои он ки бояд даъвоҳо бо далел бошанд.

Бо ҳамин гуё ин ҳамла, ки тибқи маълумоти расонаҳо аз хоки Афғонистон анҷом шудааст, нишон дод, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳолати осебпазир қарор дорад. Ҳушдорҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки “беназмиҳои Афғонистон” метавонад ба минтақа, аз ҷумла ба суботи худи кишвар таъсир расонад, “тасдиқ шуд”.

Воқеан Афғонистон ба амнияти минтақа таҳдид мекунад? 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, зимни як сӯҳбаташ ба Паём гуфт, “Худи Тоҷикистон ва ҳатто Русия робитаашонро бо Толибон беҳтар карда истодаанд ва Толибон ҳам исбот карданд, ки аз ҷониби онҳо ҳеҷ таҳдиде ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа нахоҳад буд.

Ин сиёсатмадори тоҷик таъкид бар ин кард, ки ба амнияти марзии Тоҷикистон кишвари дигари узви ҳамин созмон – Қирғизистон – аз Толибон дида таҳдиди бештар дорад. 

Кабирӣ гуфт,  “Мо мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон дорем, ки ҳатто чанд маротиба задухӯрд ва ҷангҳои мусаллаҳона ҳам шуданд ва талафоти зиёд додем. Вале аҷиб он аст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар чаҳорчӯби СААД ин мушкилотро ҳамчун таҳдид муаррифӣ намекунад.” 

Яъне таҳдиди амниятӣ аз ҷониби Афғонистон ҳоли ҳозир ба дур аз воқеъият буда, дар асл қабули “Барномаи ҳадафманди байнидавлатӣ оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон” аз ҷониби СААД, аниқтараш аз ҷониби Путин як устухон ба даҳони Эмомалӣ Раҳмон асту халос. Дар асл таҳкими дифоъӣ ҳамон асту аз пештара заифтар шудааст. Чун Русия кафолати амният ба минтақаро аз Толибон гирифтасту хотираш ҷамъ аст. 

Дар асл ба ҳолати имрӯзаи СААД агар нигоҳ кунем, мебинем, ки то ба Афғонистон чандин мушкилиҳои ҷиддӣ ба миён омадаст, ки муҳимтар аз масъалаи таҳдиди Афғонистон ба амнияти минтақа аст. Ҳамин вазъияти Русия дар ҷанг бо Украина барои СААД бояд аввалиндараҷа бошад, чун Русия гапзани калони ин созмон асту дар даргирӣ бо Украина аст. Бояд дар бораи ин ҷанг дар СААД муҳокимаҳои ҷиддӣ ба миён ояд. Вале ҳеҷ кишвари узв омодаи як ҳарф гуфтан дар ин бора нест. Баробари бо Русия будан, ин кишварҳои узв муносибаташонро намехоҳанд бо Иттиҳоди Аврупову Амрико бад кунанд. 

Аз ҷиҳати дигар худи Русия, ҳоло дар кӯшиши ба даст овардани дили Толибон аст.

 СААД дар меҳвари принсипҳои оинномавияш нест, ҳатто зураш нарасида истодааст, ки дар ин меҳвар бичархад. 

Ба қавли Аркадий Дубнов, таҳлилгари маъруфи рус, СААД фавтидааст, фақат ҳамон “Шаҳодатномаи фавт”-и худро ба даст нагирифтааст.

Ба гуфтаи Дубнов, иқдомоти СААД, гарчанде дар зоҳир қадамҳои муҳиманд, бештар хусусияти намоишӣ доранд. Ӯ ин созмонро ҳамчун як ниҳоди камсамар меномад, ки наметавонад бо таҳдидҳои воқеии амниятӣ дар минтақа, аз ҷумла дар дохили худи кишварҳои узв, муваффақона мубориза барад. Ба ақидаи ӯ, СААД асосан абзори Русия барои ҳифзи нуфузи геополитикияш дар Осиёи Марказӣ мебошад ва барномаҳои он аксаран бештар ба таъсиргузории сиёсӣ нигаронида шудаанд, на ба ҳалли масъалаҳои воқеӣ.

Чизи дигар ҳодисаи ҷанги байни Арманистон, узви ин созмон бо Озарбойҷон нишон дод, ки ин созмон аз рӯи оинномааш кор накард ва ба Арманистон бо вуҷуди дархостҳояш кӯмак накард. 

Барои ҳамин имрӯзҳо зарур аст, ки Тоҷикистон пешаз ҳама  аз сохтакориҳо ва манёврҳои бенатиҷаи сиёсӣ бояд даст кашад. Дар узви СААД будани Тоҷикистон ба ҷуз таъмини амнияти бақои курсии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳифзи ӯ аз мардуми худи Тоҷикистон ҳеҷ манфиате нест. Танҳо дар фикри бақои як режим будан ва ҳама сиёсатҳоро ба он равона кардан ба устувории давлатдорӣ халал ворид мекунад. Тоҷикистон бояд сиёсати дохиливу хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои дарозмуддати миллӣ ва минтақавӣ таҳия кунад. Суботи минтақа на танҳо ба иқдомоти низомӣ, балки ба ҳамкории васеи иқтисодӣ, дипломатӣ ва иҷтимоӣ низ вобаста аст.

Шавкати Муҳаммад


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *