Сафари Путин ба Қазоқистон ва «Шаҳодатномаи фавти СААД»

Фиристед

Таҳлилгари умури сиёсӣ ва рӯзноманигори машҳури рус, Аркадий Дубнов зимни як таҳлил дар телеграм-канали худ, дар робита ба сафари Владимир Путин барои ширкат дар Саммити СААД дар Қазоқистон  гуфт, сафари Владимир Путин ба Қазоқистон натавонист зафарбахш бошад. Ба гуфти ин таҳлилгар дар асл, Саммити Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, далеле барои зинда будани ин блоки ҳарбӣ-сиёсӣ собит накард. Аммо, ҳанӯз ҳам (Свидетельство о смерти) “Шаҳодатномаи фавт» барои ин созмон дода нашудааст.

Дубнов мегӯяд, “Маросими истиқболи бошукӯҳи  Владимир Путин ба назар мерасад, барои пӯшонидани натиҷаҳои заиф ва ғайрисамарабахши гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ташкил шуда буд.” 

Таҳлилгар қайд мекунад, ки масъалаҳои калидии муносибатҳои дуҷониба на танҳо ҳалли худро пайдо накарданд, балки дар изҳороти муштараки пас аз вохӯрӣ ҳатто зикр нашуданд.

Аз ҷумла, мавзӯи ҷанги Русия бо Украина дар ҳуҷҷати расмӣ тамоман мавриди баррасӣ қарор нагирифт. Танҳо дар банди 4-и изҳороти муштарак ба таври умумӣ зикр шудаасту халос. Дар он танҳо гуфта шудааст, ки «ҳамкории дуҷониба ҳамчун як унсури муҳими мутобиқсозии меъмории муносибатҳои байналмилалӣ ба воқеиятҳои нав ва таъмини субот ва амният дар АвруОсиё». Тамом, ҳамин қадар.

Ба гуфтаи таҳлилгар, ин як усули дипломатии пӯшида аст, ки имкон медиҳад мавзӯи муноқишае, ки ҳоло бо Аврупо рафта истодааст ва мавқеи тарафҳои даргирро канор гузоранд.

Мавзӯи дигар, сохтмони нерӯгоҳи барқии атомӣ бо иштироки «Росатом» дар Қазоқистон низ бе натиҷаи мушаххас боқӣ монд. Қазоқистон ҳамоно ният дорад ширкатҳои ғарбиро барои ин лоиҳа ҷалб кунад, ҳарчанд чунин ҳамкорӣ дар шароити кунунии «геополитикаи ноором» шубҳанок ба назар мерасад.

Дар мавзӯъҳои баҳсбарангези дуҷониба як иҷмоъ ба даст омад: «Мазаммати изҳороти бемасъулиятонаи шахсони расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки ба рӯҳияи эътимоди мутақобила ва эҳтироми истиқлолият мухолифанд». Ин маънои онро дорад, ки мақомоти Русия, ки Қазоқистонро ба русофобия ва ҳамкорӣ бо Ғарб муттаҳам мекарданд, дигар бояд дар ин масъала хомӯш бошанд.

Дар мавриди худи Саммити СААД, Аркадий Дубнов қайд мекунад, ки дар ин чорабинӣ Путин бештар фикру андешаҳояшро бо ҳамтоёни худ (ба истиснои нахуствазири Арманистон Никол Пашинян, ки иштирок надошт) дар миён гузоштааст. Путин роҳбарияти Киевро ғайрилегитимӣ номида, ҳамчунин самаранокии мушаки миёнапарвози «Орешник»-ро тавсиф кард.

Ба гуфтаи таҳлилгар, ҳамтоёни Путин ин суханони ӯро шояд бо диққат гӯш карда бошанд, аммо маълум нест, ки дар ин маврид баҳс ҳам сурат гирифтааст ё не. Ба ҳар ҳол, барои бори дигар дар тӯли 33 моҳи ҷанги Русия дар Украина, СААД аз баррасии вазъ дар бораи он худдорӣ кардааст.

Ба саволи хабарнигорон, ки оё Русия метавонад тибқи низомномаи СААД барои «муқовимат ба таҷовузи хориҷӣ» аз СААД кӯмак дархост кунад, Путин кӯтоҳ ҷавоб дод: «Ин ғайривоқеӣ аст».

Дар робита ба вазифаҳои воқеии СААД дар шароити кунунӣ, Имоналӣ Тасмагамбетов, Дабири кулли СААД, ба хабарнигорон гуфт, ки созмон «таҷрибаи истифодаи «Орешник»-ро аз ҷониби Русия меомӯзад».  Боз ҳам мисли ҳарвақта дар ин саммит тадбирҳои нави таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тасдиқ шуд.

Аз таҳлили Дубнов мешавад хулоса кард, ки Саммити СААД дар Остона нишон дод, ки созмон дар ҳалли мушкилоти калидӣ ва муттаҳидсозии кишварҳои узв ҳанӯз ҳам иқтидори кофӣ надорад. Ба назар мерасад, ки ин созмон бештар ба майдони иттилоотӣ табдил ёфтааст, ки дар он масъалаҳои муҳим ва ҳаётӣ аксар вақт канор гузошта мешаванд.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *