Анҷумани Уламои Мусалмон: Қарори ҳукумати Тоҷикистон оиди сатр мухолифати ошкор бо Ислом дорад
Анҷумани Уламои Мусалмон, яке аз анҷуманҳои донишмандони динӣ дар олами ислом, бо интишори баёнияе аз тасмими ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди манъи пушидани ҳиҷоб ба шиддат интиқод карда, ин қарори ҳукумати Тоҷикистонро “мухолифи сареҳ” бо шариати исломӣ хонд ва аз тамоми мусалмонон хост, барои лағви ин қонуни ноодилона дар канори мусалмонони тоҷик қарор бигиранд ва ҷиҳати рафъи ин амали мазмуми ҳукумати Тоҷикистон иқдом кунанд.
Анҷумани Уламои Мусалмон сабаби интишори ин баёнияро чунин шарҳ дод: “Расонаҳои мухталиф ин хабарро мунташир карданд, ки ҳукумати Тоҷикистон занони мусалмонро аз ҳиҷоби исломӣ дар идорот ва ниҳодҳои давлатӣ манъ карда, барои ҳар зане, ки ин корро анҷом диҳад, ҷаримаҳои сангине дар назар гирифтааст. Дар муқобили ин амали шанеъ ва хатарнок дар ин кишваре, ки мусалмонон 98 дарсади ҷамъияти онро ташкил медиҳанд ва мардуми он насл ба насл дониш ва динро ба мерос бурдаанд ва аҷдодонашон ба густариши улуми ислом ва хидмат ба шариати илоҳӣ маъруф будаанд, Анҷумани уламои мусалмон ин баёнияро содир кард.”
Аз ҷиҳати аҳаммияти баёния, матни комили баёнияро тақдим мекунем:
“Якум: Ин мамнуъияти ноодилонаи ҳиҷоби исломӣ, ки яке аз шаъоири ислом аст, комилан мардуд аст ва бо таъкид бар ин ки ин тасмими ҳукумати Тоҷикистон ба таври ошкор ва сареҳ бо Шариати Ислом мухолифат дорад. Эътибори ин қарор ва адами вуҷудаш яксон аст, зеро уламои мусалмон дар ҳар замону макон бар фарз будани ҳиҷоби зани мусалмон ва бар инки ошкор сохтани мую бозуҳо ва аъзои болотар аз он барои зани мусалмон дар ҳеч шароите ҷоиз нест, иттифоқи назар доранд. Ҳамчунин, зани мусалмон барои пушидани ҳиҷоб ба иҷоза аз волидайн ё нигаҳбон (валиюл-амр) ва ё аслан аз ҳокиме ниёз надорад, зеро ин дастури Худованд аст. Худованд дар сураи Аҳзоб ояи 53 мегӯяд:
{وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ}
(Тарҷума: Ҳар гоҳ аз онҳо (занони Расули акрам (с)) матоъе металабед, аз паси парда талабед)
Ҳамчунин, Худованд дар сураи Аҳзоб ояи 59 мефармояд:
{يَاأَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا}
(Тарҷума: Эй Паёмбар, ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони муъминон бигӯ: Русариҳои баландашонро бар худ фуру афкананд ва (ба чеҳраашон) наздик кунанд, ки ин пушиш наздиктар аст ба инки (ба покӣ) шинохта шаванд, то мавриди озор қарор нагиранд ва Худованд ҳамвора бисёр омузандаи меҳрубон аст).
Дуюм: Аз ҳама мусалмонон дар ҳама кишварҳои ҷаҳон даъват мекунем, ки ба анҷоми вазифаи бар души худ ва ҳимоят аз бародарону хоҳарони худ дар Тоҷикистон ҷиҳати лағви ин қонуни ноодилона ва рафъи ин мамнуъияти мазмум иқдом кунанд. Тибқи фармудаи Худованд дар сураи Анфол ояи 73, ки мегӯяд:
(والذين كفروا بعضهم أولياء بعض إلا تفعلوه تكن فتنة في الأرض وفساد كبير)
(Тарҷума: Ва касоне, ки куфр варзидаанд, бархе аз онон ёварони бархеи дигар ҳастанд, агар ин (дастурот)-ро анҷом надиҳед, фитна ва табоҳии бузурге дар замин руй медиҳад). Ҳамчунин, тибқи гуфтаи Расули акрам (с) дар саҳеҳи Бухорӣ (ҳадиси 6011) ва саҳеҳи Муслим (ҳадиси 2586), ки мефармояд:
(مَثَلُ المؤمنين في توادِّهم وتراحُمِهم وتعاطُفِهم مَثَلُ الجَسَدِ؛ إذا اشتكى منه عضوٌ تداعى له سائرُ الجسَدِ بالسَّهَرِ والحُمَّى)
(Тарҷума: Муъминон дар дустӣ, утуфат ва меҳрварзӣ нисбат ба ҳам чунон як пайкаранд, ки ҳар гоҳ узве аз он ба дард ояд, дигар аъзоро бехобӣ ва таб фаро мегирад.)
Сеюм: Анҷумани Уламои мусалмон аз созмонҳо ва ниҳодҳои расмии қонунӣ (ҳукуматҳо) ва шахсиятҳои онҳо мехоҳад, ки ончиро Худованд ба аҳли илм барои баёни ҳақ амр фармудааст, анҷом диҳанд ва кишварҳову ҳукуматҳои худро ба талош барои рафъи ин мамунъият водор кунанд ва тамоми фишорҳои мумкинро бар ҳукумати ин кишвар (Тоҷикистон) то замоне ки ба рафъи ин беадолатии ошкор иқдом накунад, эъмол кунанд.
Чаҳорум: Анҷумани Уламои мусалмон аз ҳама кишварҳои ҷаҳони мутамаддин ва озод ва ба таври хос аз ҷаҳони Ислом ва созмонҳои ҳуқуқи занон, ки ҳамвора дағдағаи дифоъ аз занон ва ҳуқуқи онҳоро доранд ва ҳамчунин аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ даъват мекунад, ки ин ноадолатӣ ва табъизи нажодиро, ки занони мусалмонро мавриди ҳадаф қарор медиҳад ва ҳар ончиро, ки ҷаҳон дар мавриди ҳуқуқи башар дар мавриди озодии мазҳаб, андеша ва соири маворид бар он тавофуқ доранд, маҳкум кунанд.
Ин қонуне ҳаст, ки ҳуқуқи инсонӣ ва динии зани мусалмонро, ки дар тамоми конвенсияҳо ва қавонини байналмилалӣ барои ӯ тазмин шудааст, маҳдуд мекунад. Ҳамон тавре, ки дар маншури ҳуқуқи асосии Иттиҳодияи Аврупо дар моддаи 10 омадааст, ки таъкид мекунад: “Ҳар фарде ҳаққи озодии эълони дин ё ақида ва ибодат, таълим ва анҷоми ибодот, чӣ ба танҳоӣ ва чӣ ҳамроҳ бо дигарон ё ошкор ё пинҳон дорад.”
Ҳамчунин, маншури ҳуқуқи башари СММ дар моддаи 18 таъкид мекунад: “Ҳар шахсе ҳаққи озодии андеша, виҷдон ва мазҳабро дорад.”
Панҷум: Анҷумани Уламои Мусалмон пуштибонии комили худ аз мардуми мусалмони тоҷикро эълон мекунад ва аз занони мусалмон дар Тоҷикистон, пойбандии эшон ба дину ҳиҷоб ва аз сабрашон дар ин маврид ҳимоят мекунад.
Шашум: Анҷумани Уламои Мусалмон аз ҷунбиши мусалмонон дар Тоҷикистон дар мавриди эълони рӯзи ҷумъаи оянда зери унвони “Рӯзи ҳиҷоб дар Тоҷикистон” пуштибонӣ карда, ҳамчунин хатибони намози ҷумъаро ба кумаки хоҳарони худ ва рафъи зулм алайҳи онон даъват мекунад.
Худоё! Авомили фасод ва роҳҳои инҳироф ва каҷиро аз кишварҳои мусалмон дур кун ва бо раҳматат, эй меҳрубонитарин меҳрубонон, онҳоро аз фитнаҳои ошкору пинҳон дур гардон. Ситоиш махсуси Худованде ҳаст, ки парвардигори ҷаҳониён аст.
Average Rating