Пешниҳоди муҳориба ба Ҳабиб Нурмагомедов дар муҳорибаҳои UFC 300
Ба Ҳабиб Нурмагомедов пешниҳод кардаанд, ки дар мусобиқаи ҷашнии UFC муҳориба кунад.
Тавре хабаргузории Лента иттилоъ додааст, ба собиқ размандаи русиягии муҳорибаи омехта (MMA) Ҳабиб Нурмагомедов пешниҳод шудааст, ки дар мусобиқаи UFC 300 ширкат кунад.
Ба гуфти Ҳабиб Нурмагомедов созмондиҳандагони муҳориба бо менеҷери ӯ Алӣ Абдул-Азиз тамос гирифта ин пешниҳодро дар миён гузоштаанд.
«Аммо ман ба ӯ тақрибан як сол пеш гуфта будам, ки муҳим нест, кӣ ба шумо занг мезанад, аммо ҳеҷ гоҳ дар бораи муҳориба бо ман тамос нагиред», — таъкид кардааст Ҳабиб.
Мусобиқаи UFC 300 дар санаи 14 апрели соли 2024 дар Лас Вегаси Амрико баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти пешакӣ дар набардҳое, ки барои UFC 300 эълон шудаанд, Чарлз Оливейра бо Арман Тсарукян, Иржи Прохазка бо Александр Ракич, Келвин Каттар бо Алҷамейн Стерлинг қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар UFC 300 қувваозмоии асосӣ байни размандагон Алекс Перейра ва Ҷамал Ҳилл суръат мегирад.
Қаблан Ҳабиб Нурмагомедов гуфта буд, ки барои бозгашт ба октагон ба ӯ 40 миллион доллар пешниҳод кардаанд.
«Ба охир расонидани ширкат дар муҳорибаҳо тасмими осон набуд, аммо ин тасмим ниҳоят гирифта шуд.»- гуфта буд Ҳабиб.
Ҳабиб Нурмагомедов то ба охири соли 2020 се маротиба унвони қаҳрамони UFC дар вазни сабукро ҳимоя кард. Дар маҷмӯъ, ин варзишгар дар 29 набардҳои касбии муҳорибаҳои омехта 29 пирӯзӣ ба даст овардааст. Ягон бохт надорад.
Average Rating