Ғалабаи Лоиқ Раҷабов ва талаби $50 000 аз Дана Уайт
Лоиқ Раҷабови тоҷикистонӣ, размандаи маъруфи муҳорибаҳои омехта (ММА), дар муҳорибаҳои UFC (Ultimate Fighting Championship), ки шаби 2 юм ба 3 марти 2024, дар толори «UFC Apex»-и шаҳри Лас-Вегаси Иёлати Невадаи ИМА баргузор шуд, пирӯзӣ ба даст овард.
Ин размикори 33-солаи тоҷикистонӣ дар вазни сабук рақибаш Абдул Карим Ал-Селвадии урдуниро дар қисмати сеюми муҳориба зада беҳуш кард. Бо ҳамин ин дуюмин ғалабаи Лоиқ раҷабов дар UFC мебошад.
Ин набарди Лоиқ Раҷабов дар UFC сеюмин набарди уст. Дар UFC Лоиқ дар ду рақобат пирӯз шуда, дар яктоаш шикаст хӯрдааст. Бо ҳамин Лоиқ Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз 24 муҳориба дар 18-тои он пирӯз шуда, панҷ маротиба бохтааст. Ҳамчунин як бозии мусовӣ дорад.
Абдул Карим Селвади бори аввал дар UFC қувваозмоӣ карда ба Лоиқ бохт. Ӯ дар муҳорибаҳои ММА 15 ғалаба ва 4 бохт дорад.
Лоиқ Раҷабов дар ниҳояти бозӣ аз роҳбари UFC талаб кард, то 50 ҳазор доллар бояд ӯ ба Лоиқ бидиҳад. Зеро, ба гуфтаи Лоиқ Раҷабов сазовори ин маблағ ҳунарнамоӣ кардааст.
Лоиқ Раҷабов афзуд, 6 моҳ аст, ки дар Амрикост ва барои омодагӣ ба ин муҳориба аз ин бештар масраф кардааст.
Гуфтанист, пирӯзии Лоиқ Раҷабов дар мусобиқаи UFC ба иди дӯстдорони ММА табдил ёфт. Муборизаи бошукӯҳи Лоиқ Раҷабов дар UFC ҳамаи онҳоеро, ки баромади ӯро пайгирӣ мекарданд, хеле шод кард.
Average Rating