Талбандагии КҲФ аз Олмон барои рафъи хатари офатҳои табиӣ
27 феврали соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуотии КҲФ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин имкони оғози лоиҳаҳои муштарак, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисонро баррасӣ намудаанд.
Бино ба маълумоти расонаишуда, дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори умедворӣ кардаанд.
Гуфтанист, дар Тоҷикистон, ки як кишвари осебпазир дар баробари офатҳои табиист, ҳамасола даҳҳо сокинон дар пайи селу тарма хонаву дари худро аз даст медиҳанд ва ё кушта мешаванд.
Аммо бояд қайд кард, ки ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ миллионҳо долларро аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои иқтисодӣ аз худ мекунад.
Маблағҳое, ки барои коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ба Тоҷикистон дода мешаванд, дар аксари ҳол ғайримақсаднок истифода шуда, таҳдиди хатари тармарезӣ ва дар зери селобаву лойқаҳо мондани хонаву манзил ва чорвои мардум ҳамоно боқӣ мемонад.
Дар аксари ҳол, дар Тоҷикистон на пешгирӣ аз хатарҳои эхтимолӣ аз ҷониби мақомоти зидахл сурат мегирад, на бартарафкунии асари офатҳои табиӣ. Асосан, худи мардум бо роҳи ҳашар ва ё инфиродӣ ин корро анҷом медиҳанд.
Average Rating