Қатъи барқ дар Душанбе ва муромурӣ аз дуди ангишт

САРФИ ВАҚТ:55 сония

Дар шаҳри Душанбе шаш нафар аз як хонавода аз дуди ангишт заҳролуд шуда фавтиданд.

Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо истинод аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дода навишт, ки ҳодиса шаби 27-уми феврал дар маҳаллаи «Гранзавод»-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух додаааст.

Ба иттилои манбаъ, зану шавҳар бо 4 фарзандашон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангишт ба ҳалокат расидаанд.

Дар хабар гуфта шудааст, ки ҳодиса шаби 27 ум ба 28 уми феврал рух додааст, аммо, ҳамсояҳо тақрибан соати 11-и рӯзи 28-уми феврал хабардор шуда, фавран захролудшудагонро ба Беморхонаи «Истиқлол»-и пойтахт интиқол медиҳанд. Мутаассифона, аз ин 6 нафар ягон нафарашон аз марг наҷот наёфтаанд.

Гуфтанист, аз дуди ангишт заҳролуд шуда фавтидани сокинони пойтахт ҳодисаи нав нест. Ҳамасола дар фасли сармо аз дуди ангишт заҳролуд шуда фавтидани даҳҳо сокинон расонаӣ мешавад.

Хамин шабу рӯзҳо дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ буда, дар пойтахт низ сокинон аз қатъи интиқоли барқ шикоят карда мегуянд, ҳатто дар биноҳои баландошёна хонаҳои худро бо ангишту ҳезум гарм мекунанд. 

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя барқ мефурушад.

https://www.facebook.com/tolib.saidov.94/videos/2127253357619646

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
100 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *