Зиддияти ПМТ ба идомаи узвияти Тоҷикистон дар СПАД
Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълон кард, ки ба идомаи узвияти Тоҷикистон дар СПАД зид аст.
Ин баёнияи ПМТ дирӯз 28.02.2024, баъди он нашр шуд, ки Ҷумҳурии Арманистон тасмим гирифт, узвияти худро дар СПАД ( ОДКБ) бозмедорад.
Паймони Миллии Тоҷикистон ин иқдоми Ҷумҳурии Арманистонро сазовори як давлат ва миллати мустақилу соҳибкаромат дониста, дар баёнияи худ навишт: “Ба ин бовар аст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узв дар минтақа ҳам баробари ба рушди худшиносӣ ва пеш гирифтани сиёсатҳои мутобиқ ба манофеъи миллиашон дер ё зуд ба ин хулоса хоҳанд расид.”
Дар баёния гуфта шудааст: “Таҷриба нишон дод, ки СПАД на як созмони минтақавӣ барои дифоъи миллатҳо ва кишварҳои узв аз таҳдидҳои беруна аст, балки як василаи саркӯб кардани миллатҳо ва ҳимояи роҳбарони худкомаву фосид мебошад. Мавқеъи СПАД дар ҳодисаҳои Қазоқистон ва низоъи Арманистону Озарбойҷон далели ин гуфтаҳост.”
Ба бовари ПМТ “Тоҷикистон наметавонад узви созмоне бошад, ки кишвари дигари узв, яъне Русия, ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро шомили руйхати пайгарди худ кунад, бидуни ин ки ин одамон қонунеро дар ин кишвар поймол карда бошанд. Даҳҳо шаҳрвандони тоҷиктабори худро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба зиндон бифиристад ва аз онҳо ҳимоят накунад. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти фишор ба ҷанги Украина бифиристад ва даҳҳо ҳазор муҳоҷири кишвари «шарик»-и худро бидуни ҳеч далел депорт кунад.”
Дар ниҳояти баёния Паймони Миллии Тоҷикистон иқдоми ҷасуронаи роҳбарият ва миллати Арманистонро пуштибонӣ намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар масъалаи узвияти кишварамон дар ин созмон ва дигар созмонҳои зери таъсири Русия таҷдиди назар кунад.
“То замоне, ки Русия аз таҷовуз нисбати кившарҳои ҳамсоя даст бикашад ва истиқлолияти онҳоро дар амал эҳтиром кунад, ҳампаймон будан бо ин кишвар дар ростои манфиати миллии мо нест.” — омадаст дар баёния.
Average Rating