То дами марг падарро латукуб ва писарашро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд

САРФИ ВАҚТ:54 сония

Ҳикматулло Наҷотов, сокини Мӯъминободро дар шуъбаи пулис шадидан латту куб кардаанд. Дар ШВКД-и ноҳия гуфтаанд, ки ӯ «худаш афтодааст. «Ҳодиса рӯзи 4-уми ноябр рух додааст.

Ҳикматулло Наҷотов ҳоло дар бемористони ноҳиявӣ бистарӣ буда, пизишкон тасдиқ кардаанд, ки дар бадани ӯ осори зарб дида мешавад, вале ҳолаташ мӯътадил аст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ наздикони ин мард бистарӣ шудани ӯ дар беморхонаро тасдиқ кардаанд, вале аз гуфтани ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи пайвандон «мақомоти тамоми ҷумҳурӣ аз қазияи бародараш огоҳ ҳастанд.»

Дар идораи пулиси ноҳияи Мӯъминобод шарҳ надодаанд, ки Ҳикматулло Наҷотов бар асари чӣ дар бинои ин ниҳод маҷрӯҳ шуда, ба бемористон афтодааст. Бархе шоҳидон гуфтанд, ки ӯро шадидан латукуб кардаанд, то писарашро барои рафтан бар артиш ҳозир кунад. Даҳҳо волидайн дар гӯшаву канори Тоҷикистон се сол боз шикоят мекунанд, ки барои нарафтани писаронашон ба артиш зери фишор қарор доранд.

Як рӯз пас аз ин ҳодиса писари Наҷотов ба Кӯлоб баргаштааст, вале ӯро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурда, ба артиш гусел кардаанд. Маълум нест, ки чаро ӯро на аз зодгоҳ, балки аз дигар ноҳия ба артиш фиристодаанд.

 

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *