Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Русия меравад
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия меравад.
Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтааст, ки зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти Русия ва Михаил Мишустин, сарвазири Русия мулоқот хоҳад кард.
Дар хусуси ҷузъиёти сафар Шарифзода чизе нагуфтааст. Аммо бино ба маълумоти расонаишуда, Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр ба Русия меравад ва зимни ин сафар як қатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ва муҳим ба имзо расонида мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин охирин маротиба моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, қабл аз нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, вохурда буд.
Хонданиҳо
ПМТ шӯрои нави худро интихоб кард
Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 1 ноябри соли 2025 дар шаҳри Варшава интихоботи ҳайати нави Шӯрои худро баргузор намуд. Тибқи иттилоияе,...
Тоҷикистон Толибонро ба расмият шинохт?
Шабакаи хабарии «Ҳурият» бо такя ба манобеаш аз вилояти Балхи Афғонистон иттилоъ дод, ки ҳукумати Тоҷикистон сафири Аморати исломии Афғонистонро...
ПМТ аз натиҷаҳои ҷаласаи байни ИА ва Тоҷикистон истиқбол кард
Паймони Миллии Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз натиҷаи ҷаласаи понздаҳуми гуфтугӯи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон,...
Султонзода: Шиканҷа дар Тоҷикистон як падидаи системавӣ ва решадор аст
Дар Конфронси байналмилалии Демократия ва арзишҳои инсонии САҲА, ки бо ҳузури намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсон ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар Варшава...
Шоҳнаими Карим: «Говсуд» бо услуби Эмомалӣ Раҳмон
Дар Конфронси байналмилалии САҲА оид ба демократия ва арзишҳои инсонӣ, Шоҳнаими Карим (Мирзорахим Кузов) намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо...
Табрики Кабирӣ ба муносибати рӯзи таваллуди Шоҳзода Раҳим Оғохони V
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамаи ҳамватанони исмоилӣ дар Тоҷикистон ва исмоилиёни ҷаҳонро ба муносибати рӯзи таваллуди Шоҳзода...

Average Rating