Чин ба захираҳои уран дар Осиёи Марказӣ чашм дӯхтааст
“Барномаи роҳбурдии “Казатомпром” ба истеҳсол, коркард ва фурӯши хокаи ғанишудаи урани табиъӣ бо мақсади фароҳам овардани арзиши дарозмуддат барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор нигаронида шудааст”, — изҳор доштааст Саидҷон Ҷонибеков, мудири иҷроии роҳбурд ва бозорёбии ширкати “Казатомпром”.
Имзои қарордоди дарозмуддат бо CNUC дар ҷараёни намоишгоҳи “China International Import Expo 2023” дар Шонгҳой сурат гирифт.
“Ҳаҷм ва шартҳои тиҷории қарордод махфӣ буда, ифшо карда намешаванд”, — зикр мекунад ширкати “Казатомпром”.
Қобили зикр аст, ки Қазоқистон аз рӯйи захираҳои кашфшудаи урани табиъӣ дар ҷаҳон мақоми дувумро касб мекунад. Дар ин кишвар тақрибан 14 дарсади тамоми захираҳои кашфшудаи урани табиъи ҷаҳон ё беш аз 700 ҳазор тон мавҷуд аст.
Дар соли 2009 Қазоқистон аз рӯйи истихроҷи уран дар ҷаҳон мақоми аввалро соҳиб шуд ва пешсафии худро нигоҳ медорад ва тақрибан 40 дарсад аз тавлидоти урани ҷаҳониро истеҳсол мекунад.
Дар соли 2021 ҳаҷми истихроҷи уран дар Қазоқистон ба 21,8 ҳазор тон ва дар охири соли 2022 ба 21,3 ҳазор тон баробар шуд. Тамоми урани истихроҷшудаи табиъӣ дар Қазоқистон ба Чин, Фаронса, Русия, Канада ва дигар кишварҳо содир мешавад.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки ахиран дар Пекин миёни ширкати давлатии “Навоиуран”-и Узбекистон ва ширкати чинии “China National Nuclear Corporation” (CNNC) тафоҳумномаи ҳамкориҳои истротежӣ дар бахши истихроҷи уран ба имзо расониданд. Дар ин бора Вазорати саноати кӯҳӣ ва заминшиносии Узбекистон хабар дод.
Бояд гуфт, ки ширкати давлатии “Навоиурон” аз соли 2022 ба истихроҷи уран дар Узбекистон машғул аст. Ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки дар давоми солҳои 2022-2030 тавлиди уранро ду баробар афзоиш дода, дар як сол ба 7100 тон расонад.
Гуфтанист, ки дар соли 2022 Узбекистон содироти уран ба Иттиҳодияи Аврупоро 2,71 маротиба зиёд карда, то ба 441 тон расонид.
Манбаъ: halva.tj
Average Rating