
Қирғизистон мехоҳад, бо Олмон парвозҳои мустақимро ба роҳ монад
Қирғизистон гуфт, ҳавасманд аст, ки бо Олмон парвози мустақими ҳавопаймоҳоро ба роҳ монад.
Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон дар ҷараёни форуми тиҷории «Рӯзи иқтисоди Қирғизистон дар шаҳри Ҳабург» изҳори назар кард.
Ҷабборов гуфтааст, «барои ширкатҳои ҳавопаймоии байналхалқӣ дар фурудгоҳҳои байналхалқии Қирғизистон шароити мусоид фароҳам шудааст». «Ташкили равуои ҳавоӣ байни кишварҳои мо ба рушди муносибатҳои дуҷониба, афзоиши тиҷорат ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард», — гуфтааст Ҷабборов.
Байни Қирғизистон ва Олмон парвозҳои мустақим вуҷуд надоранд. Мусофирон барои расидан ба Олмон ва ё аз Олмон ба Қирғизистон аз кишварҳои севум истифода мебаранд. Ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон аз соли 2006 дар рӯйхати «сиёҳ»-и Иттиҳоди Аврупо қарор доранд. Ин ширкатҳо ба стандартҳои бехатарӣ посухгӯ нестанд.
Манбаъи хабар: Радиои Озодӣ
Average Rating