
Эътирозҳо дар Берлин бо талаби озодии Абдуллоҳ ва Дилмурод ва бозбинии ҳамкориҳои Олмон бо Тоҷикистон
Рӯзҳои 4 ва 7 июли соли 2025 дар шаҳри Берлин ҳомиёни ҳуқуқи инсон, дӯстону ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин ва дигар фаъолони тоҷик дар назди сафорати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Олмон тазоҳуроти пайдарпай баргузор карданд. Ин иқдом ҳамчун посух ба боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми дорои заминаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, сурат гирифт.
Абдуллоҳи Шамсиддин, ки то ихроҷаш дар Олмон ба таври қонунӣ кору зиндагӣ мекард, дар соли 2023 бо ризоияти мақомоти Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд. Пас аз бозгашт ба Душанбе, ӯ боздошт ва баъдан аз ҷониби додгоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум гардид. Бино ба иттилои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, айбномае, ки ба зидди ӯ пешбарӣ шуд, «кӯшиши сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ»-ро дар бар мегирифт. Аз ҳамон замон то кунун Абдуллоҳ беш аз дуним сол боз пушти панҷара аст.
Дар тазоҳурот дар Берлин Мартин Шолтс, роҳбари як ширкати олмонӣ, ки Абдуллоҳ солҳои зиёд дар он ҷо фаъолият мекард, шахсан ширкат варзид. Ӯ аз ҳамкории кишвараш бо мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфт: «Барои ман дарки ин мушкил аст, ки кишвари ман, Олмон ба як режими диктатурӣ, ки мухолифонашро зиндонӣ ва шиканҷа мекунад, кӯмак мекунад. Ин қобили қабул нест». Шолтс таъкид кард, ки боздошти Абдуллоҳ на танҳо зарари инсонӣ, балки иқтисодӣ низ ба ширкати ӯ расонидааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар шаҳрҳои Берлин, Дортмунд ва Дюсселдорф то имрӯз беш аз 20 тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз Абдуллоҳ ва алайҳи сиёсати Олмон сурат гирифтааст.
Эътирозгарон бо шиору навиштаҷотҳо, аз ҷумла «Абдуллоҳ куҷост?», «Озодӣ барои Абдуллоҳи Шамсиддин!», «Wir vermissen Abdulloh!» («Мо Абдуллоҳро пазмон шудем!») ва «Stop Making Business with Tadjikistan!» («Бо Тоҷикистон муносибати тиҷоратӣ накунед!») ба кӯча баромада, таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ва расонаҳоро ба масъалаи саркӯби ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷалб намуданд. Онҳо талаб карданд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон то замоне, ки ин давлат аз таъқиби мухолифон ва истифодаи шиканҷа даст намекашад, бозбинӣ шаванд.

Дилмурод Эргашев то ихроҷ шуданаш аз Олмон бо пуштибонӣ аз Абдуллоҳи Шамсиддин дар якчанд тазоҳурот ва пикетҳо ширкат кардааст.
Дар тазоҳурот ҳамчунин дар баробари Абдуллоҳи Шамсиддин номи Дилмурод Эргашев гирифта шуд, ки моҳи ноябри соли 2024 аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро бо гуноҳи “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст. Дилмурод Эргашеви 40-сола, ки 13 соли охир дар ин кишвари аврупоӣ мезист, сараввал узви «Гуруҳи 24» ва сипас узви Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон (ҶИРТ) будааст.
Тазоҳургарон дар тазоҳурот қатъи ҳамкорӣ бо режими Тоҷикистон, манъи ихроҷи паноҳандагон ба кишварҳое, ки дар он ҷо шиканҷа амри маъмулист, ва озодии фаврӣ барои Абдуллоҳи Шамсиддин, Дилмурод Эргашев ва дигар зиндониёни сиёсиро талаб карданд.
Ба гуфтаи эътирозгарон, сармоягузории Олмон ба Тоҷикистон танҳо ба рушди иқтисодӣ хидмат намекунад, балки ба таври ғайримустақим саркӯбкунии дигарандешон ва фаъолони сиёсиро низ маблағгузорӣ мекунад. «Ин сармоягузориҳо бояд бо шартҳои ҳуқуқи башар пайваст шаванд, на бо хомӯшӣ ва бетарафӣ нисбати саркӯб», гуфт яке аз иштирокчиёни тазоҳурот.
Гуфтанист, ин тазоҳуротҳо ва талаби бозбинӣ кардани ҳамкориҳои Олмон бо Тоҷикистон паёми равшане доранд, ки тиҷорат ва ҳамкорӣ бояд бо меъёрҳои ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг шаванд. Дар воқеъ, созишномаҳои иқтисодӣ ва дастгирии давлатӣ аз ҷониби кишварҳои демократӣ бояд ба меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ такя кунанд. Аммо ҳамзамон, таҷрибаҳои гузашта нишон медиҳад, ки чунин талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр вақт дар сатҳи шиору тазоҳурот боқӣ мемонанд ва ба сиёсатҳои хориҷии кишварҳои калон нисбати режимҳои худкома таъсир намерасонанд. Саволи матраҳ ин аст, ки оё ин садоҳо барои ба воқеият табдил ёфтани чунин механизме ки сармоягузорӣ бо риояи ҳуқуқи инсон шарти ҳатмӣ гардад, басанда хоҳад буд? Ё боз ҳам механизмҳои дигаре мавҷуданд, ки аз онҳо бояд кор бурд? Ин суолест, ки ҷавоби онро амалҳои минбаъдаи ҳукуматҳои Олмон ва кишварҳои аврупоӣ нишон хоҳанд дод.











Average Rating