Тараққиёти роҳи оҳани минтақа ва дар ҳошия мондани Тоҷикистон

Фиристед

Дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон — Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон — бо суръат ба сӯи навсозии инфрасохтори роҳи оҳан ва ҳамгироӣ ба шабакаҳои байналмилалии логистикӣ пеш мераванд, Тоҷикистон дар ақибмондагӣ, беэътиборӣ боқӣ монда ба ҳошия ронда шудааст. Кишварҳои минтақа бо истифода аз шарикӣ бо Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба марказҳои нави нақлиёт ва иқтисод табдил меёбанд, дар ҳоле ки Тоҷикистон на танҳо аз ин равандҳо берун мондааст, балки ҳатто шабакаи дохилии худро низ навсозӣ накардааст.

Қатораҳои замонавии Ӯзбекистон бо суръати 250 км/соат

Ӯзбекистон лоиҳаи азими инфрасохтории худро дар бахши роҳи оҳан бо муваффақият анҷом дод. Тибқи иттилои расонаи махсуси соҳаи нақлиёт Railway Supply, сохтмони роҳи оҳани баландсуръати Бухоро–Урганҷ–Хива ба масофаи 465 километр ба поён расида, қисмати Урганҷ–Хива пурра барқӣ шудааст. Ифтитоҳи расмии ҳаракати қаторҳои муосири баландсуръат дар ин хатти нав барои соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Ин хатти нав бо қаторҳои муосири кореягии Hyundai Rotem, ки дар асоси қарордоди 200 миллиондоллара бо ширкати KORAIL ва Hyundai Rotem (июни 2024) ба Ӯзбекистон ворид мегарданд, хизматрасонӣ мешавад. Қаторҳо иборат аз 7 вагон, бо иқтидори 389 мусофир мебошанд ва бо суръати то 250 км/соат ҳаракат мекунанд.

Қатори мазкур шабакаи роҳи оҳан ба дарозии 1 200 км, аз ҷумла масири Тошканд то Хива-ро фаро мегирад. Вақти сафар дар ин масир аз 14 соат то 7 соат 40 дақиқа коҳиш меёбад. Пешбинӣ мешавад, ки мусофирбарӣ дар ин хат аз 1 млн ба 3 млн нафар ва боркашонӣ аз 1 млн ба 6 млн тонна дар як сол афзоиш ёбад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, зимни боздид аз қисмати нави роҳи оҳан дар Урганҷ–Хива, таъкид кард, ки ин лоиҳа “як марҳалаи муҳими дигар дар роҳи муосирсозии системаи нақлиётии миллӣ ва ҳамгироӣ ба занҷираҳои логистикии минтақавӣ мебошад.”

Ҳукумати Ӯзбекистон дар доираи стратегияи ташкили маркази логистикӣ ва сайёҳии Осиёи Марказӣ, ба таври пайваста дар инфрасохтори нақлиёт сармоягузорӣ карда, технологияи муосирро татбиқ мекунад.

Қазоқистон бо қадами нав ба сӯи роҳи оҳани муосир

Ҳамзамон бо пешрафтҳои Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон низ дар самти муосирсозии роҳи оҳан як қадами муҳими дигар гузошт. Бино ба иттилои пойгоҳи  Railway Supply Чин ба Қазоқистон нахустин электровози магистралӣ бо номи CEA1-ро супорид. Ин қатораи барқӣ барои ҳаракат дар масирҳои дароз бо бор ва мусофирон пешбинӣ шуда, бо технологияҳои муосири муҳандисии энергетикӣ ва самаранокии баланди ҳаракат муҷаҳҳаз аст.

Ин иқдом як бахши муҳими ҳамкориҳои стратегии Қазоқистон бо Чин дар доираи Лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ» (Belt and Road Initiative) мебошад ва равандҳои ҳамгироии логистикиро дар минтақа тақвият мебахшад.

Роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон: Нақшаи бузург ва пайванди стратегӣ

Дар ин ҷода Қирғизистон ҳам кӯшишҳои зиёде дорад. Ба иттилои CACI Analyst, сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон (CKU) яке аз тарҳҳои муҳими геополитикӣ ва иқтисодии минтақа ба шумор меравад, ки ба таври фаъолона аз ҷониби Чин ва бо ҳамкорӣ бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон татбиқ мегардад. Лоиҳа дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” амалӣ мешавад ва қарор аст, ки тавассути он Чин ба бозорҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва ҳатто Аврупо роҳ ёбад.

Ин роҳи оҳан Кoшғарро ба Ӯзбекистон тавассути Қирғизистон мепайвандад ва интизор меравад, ки ба як масири калидии алтернативӣ ба шабакаҳои транзитии Русия ва Қазоқистон табдил ёбад.

Дар сурати анҷом, CKU метавонад то 10 миллион тонна борро дар сол интиқол диҳад ва як роҳгузари стратегӣ барои маҳсулоти чинӣ ба бозорҳои Ғарб шавад.

Дар айни замон, корҳои муҳандисӣ ва таҳияи харитаи фаннӣ шурӯъ шудаанд ва ҳамаи ҷонибҳо иродаи сиёсиро барои иҷрои лоиҳа таъйид кардаанд.

Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаҳои минтақавӣ

Дар ҳоле ки  Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо ҷалби  сармоягузориҳо ва ҳамоҳангсозии сиёсӣ бунёди роҳи оҳани нав ва муосирро ба роҳ мондаанд, Тоҷикистон дар канори ин лоиҳа қарор гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҷойгиршавии муҳим ва стратегӣ дорад, дар ягон бахши амалии ин лоиҳаҳо шомил нашудааст.

То ҳол дар кишвар ягон қатори барқии муосир истифода намешавад. Роҳҳои оҳани асосӣ солҳо боз таъмир нашудаанд ва қисмҳое аз он ҳатто аз кор бозмондаанд. Лоиҳаҳои нави пайвасткунанда, ки метавонистанд Тоҷикистонро бо Чин, Афғонистон, Покистон ё Осиёи Марказӣ васл намоянд, дар сатҳи изҳорот мондаанд. Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Қошғар— Душанбе — Самарқанд ҳам танҳо дар ҳоли баррасӣ боқӣ мондааст.

Ҳамин тавр, набуди иродаи сиёсӣ, сармоягузорӣ ва нақшаҳои устувори миллӣ, кишварро аз на танҳо ҳамгироии минтақавӣ, балки истифодаи захираҳои дохилӣ низ маҳрум кардааст. Мо имрӯз бо чашми худ мебинем, ки ҳамсоякишварҳо — Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ҳатто Қирғизистон — роҳи оҳанро ба як абзори тавонои рушди иқтисодӣ, афзоиши гардиши сайёҳӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ табдил медиҳанд, дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳамоно дар қафо ва бо қаторҳои кӯҳнаву фарсуда боқӣ мондааст.

Сармоягузорӣ ба роҳи оҳан — сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар аст. Тоҷикистон ҳақ надорад ин фурсатро нодида гирад.

Роҳи оҳани Тоҷикистон аз соли 2011 ба ин тараф ба воситаи Қирғизистон ва Чин васл нашудааст. Лоиҳаҳои нави минтақавӣ, мисли Кӯлоб – Панҷ – Хоруғ – Қулма – Қошғар, ҳамоно дар марҳилаи  «нақшаҳо»  боқӣ мондаанд.

Ногуфта намонад, ки бо ин ақибкашиҳои Тоҷикистон баъид нест, ки баъди чанде вақт қаторҳои моро ба кишварҳои ҳамсоя роҳ намедиҳанд, то ин ки роҳашон фарсуда ва ҳавояшон ифлос нашавад. Бо ин ҳол мо  гирифтори худинзивоӣ мешавем ва худамонро бо ақибкашиҳои худ дучори блокадаи инфрасохторӣ мекунем.

Шавкати Муҳаммад

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *