Кумаки Арабистони Саудӣ ба 1,000 кӯдаки ятим дар Тоҷикистон ҳар моҳ $100

Фиристед

15 апрели соли 2025, дар шаҳри Душанбе, маросими оғози марҳилаи сеюми лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар доираи ин марҳила, Арабистони Саудӣ тавассути «Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон» ба 1,000 кӯдаки ятим аз 900 оила дар минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳар моҳ $100 кӯмакпулӣ мерасонад. Ҳаҷми умумии ин кӯмакҳо 1 миллиону 416 ҳазору 963 долларро ташкил медиҳад.

Дар маросим Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ва Баҳодур Қурбониён, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, иштирок доштанд. Гуфта шуд, ки дар баробари кӯмаки молӣ, ба ятимон омӯзишҳои касбомӯзӣ, тамринҳои варзишӣ, дастгирии равонӣ ва дигар машғулиятҳо пешниҳод мегардад. Ҳамчунин, дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ба ятимон ва оилаҳои онҳо $30 кӯмакпулӣ дода хоҳад шуд.

Лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» соли 2020 бо имзои созишнома миёни Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон оғоз ёфтааст. Дар ду марҳилаи аввали он ба 1,100 ятим ба маблағи беш аз 1,5 миллион доллар кӯмак расонида шуд.

Маълум нест, ки тақдими кӯмакпулиҳо аз кай оғоз мешавад. Дар чорабинӣ зикр шуд, ки ҳоло қарордоди тарҳ омода гардида, дар Форуми гуманитарии чаҳорум, ки дар Ар-Риёз баргузор мешавад, ба имзо мерасад.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *