Домулло Ҳақназари Ғоибназар даргузашт

Фиристед

Дафтари матбуотии ҲНИТ  бо изҳори таслият хабар нашр кард, ки домулло Ҳақназари Ғоибназар фавтидааст.

11 апрели соли 2025 — Дафтари матбуотии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри як таслиятномае аз даргузашти шахсияти маъруфи фарҳангӣ ва олими исломӣ, домулло Ҳақназари Ғоибназар хабар дод.

Домулло Ҳақназар, ки соли 1951 дар ноҳияи Ғарм ба дунё омада буд, дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба камол расидааст. Ӯ аз фаъолони аввалини ҲНИТ маҳсуб ёфта, аз ибтидои таъсиси ин ҳаракати сиёсӣ бо он ҳамкорӣ дошт ва яке аз собиқадорони он ба ҳисоб мерафт.

Ба иттиллои манбаъ, домулло Ҳақназар дар солҳои аввали фаъолияти ҲНИТ дар бахшҳои молия ва таълиму тарбия фаъолият бурдааст. Дар замони муҳоҷирати иҷбории аъзои ҲНИТ ба Афғонистон, домулло масъулияти вазнини муҳоҷиринро бар дӯш дошт ва як муддат бо дархости устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода роҳбари дафтари ҳаракат дар шаҳри Пешовар буд.

Бино ба маълумоти нашршуда, пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, домулло Ҳақназар дар зеркомиссияи масъалаҳои муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият намудааст.

«Ҳарчанд ӯ дар идома дар Вазорати шуғли аҳолӣ кор кардааст, то соли 2010 узви Раёсати Олии ҲНИТ боқӣ монда, дар ҷаласаҳои он ширкат меварзид», — гуфта шудааст дар таслиятномае, ки дафтари матбуоти ҲНИТ аз номи Раёсати Олии ҲНИТ нашр кардааст.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *