
Пойи Эмомалӣ Раҳмон ба ГААГА кашида мешавад
Се созмони байналмилалӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ (ICC) шикоят бурда, ҳукумати Тоҷикистонро ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ муттаҳам карданд.
Шикоятнома тавассути вакили ҳуқуқии фаронсавӣ Никола Линиёл ба дафтари додситони ICC супурда шуд.
Созмонҳои Фонди байналмилалии ихтиёриёни украинӣ (FUVI), Freedom For Eurasia ва ҲНИТ, бо пуштибонии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, дар ин шикоятнома ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд.
Онҳо мегӯянд, ки ин амалҳо метавонанд ҳамчун ҷиноятҳои зиддибашарӣ тибқи моддаи 7 Статути Рум арзёбӣ шаванд.
Шикоятнома ба зиёда аз 60 парвандаи ҷиддии нақзи ҳуқуқи инсон такя мекунад, ки шиканҷа, таҷовуз, ҳабси худсарона, нопадидшавӣ ва қатлро дар бар мегиранд.
Мувофиқи изҳороти Freedom For Eurasia, ин парвандаҳо танҳо як қисми ками нақзи воқеии ҳуқуқи инсонро инъикос мекунанд, зеро бисёре аз қурбониён ба сабаби тарси интиқом хомӯш мемонанд.
Дар шикоятнома давраи солҳои 2002 то 2024 фаро гирифта шудааст, ки дар он мақомот сиёсати ҳамоҳангшудаи давлатӣ барои аз байн бурдани мухолифини сиёсӣ, махсусан аъзои ҲНИТ ва тарафдорони он, амалӣ кардаанд.
ҲНИТ то манъ шуданаш дар соли 2015 бузургтарин ҳизби мухолифи Тоҷикистон ва ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд.
Дархостҳои асосии шикоятнома иборатанд аз:
1. Оғози таҳқиқоти ибтидоӣ аз ҷониби дафтари додситони ICC.
2. Эътирофи хислати системавӣ ва ташкилшудаи ин ҷиноятҳо.
3. Эълони айбдорӣ ба мансабдорони баландпояи давлатӣ, аз ҷумла президенти амалкунанда.
4. Ҷорӣ кардани чораҳои муҳофизатӣ барои қурбониён, шоҳидон ва намояндагони онҳо.
Freedom For Eurasia зимни як изҳорот дар вебгоҳи расмияш зикр мекунад, ки ин иқдоми ҳуқуқӣ ниҳоятан таваҷҷуҳи байналмилалиро ба яке аз бӯҳронҳои шадиди ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ҷалб мекунад.
Дар ин изҳорот ҷасорати онҳое, ки бо вуҷуди хатарҳои шахсӣ шаҳодат додаанд, ситоиш карда мешавад ва таъкид мешавад, ки адолат бояд барқарор шавад.
Ҳамчунин, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба Паём гуфт, ки ин ҳосили меҳнати зиёда аз чаҳорсолаи созмонҳои байналмилалӣ, адвокатҳои дараҷаи байналмилалӣ ва як гурӯҳи махсуси кории иборат аз фаъолонаи ҲНИТ аст.
“Мо кӯшиш кардем дар давоми ҷамъоварии маълумот ва далелҳо оромона бидуни ҳангома ва сару садо кор кунем. Билохира муваффақ шудем ва ин парванда ба ГААГА роҳ ёфт,”- гуфт Кабирӣ.
Гуфтанист, Тоҷикистон аз соли 2000 узви Статути Рум мебошад, ки ба ICC имкон медиҳад, ки ба ин парванда расидагӣ кунад.
Average Rating