КШНГЗТ хостори интиқоли фаврии Маҳмурод Одинаев ба бемористон шуд

Фиристед

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ), ки қароргоҳаш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аст, санаи 10 апрели соли 2025 —бо ирсоли як номаи саркушода ба Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон, хостори интиқоли фаврии зиндонии сиёсӣ Маҳмурод Одинаев ба бемористон гардид.

Ба иттилои Кумита, вазъи ҷисмонии Одинаев — муовини пешини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон — вахим арзёбӣ мешавад ва бо вуҷуди муроҷиатҳои пайвастаи пайвандонаш ба мақомот, то ҳол ба дархости онҳо посухи мусбат дода нашудааст.

Пайвандони Одинаев ба расонаҳо изҳор доштаанд, ки ӯ “аз дарди шадиди сутунмӯҳра, фишори хун ва мушкили пешобдон ранҷ мекашад” ва ҳангоми мулоқоти охир, ки як моҳ пеш сурат гирифтааст, ӯ “базӯр роҳ мерафт ва наметавонист рост истода бошад”. Ба гуфтаи онҳо, бо аризаи хаттӣ хостори бистарӣ кардани Одинаев дар шифохонаи маҳбаси шаҳри Ваҳдат шудаанд, вале дар ин муддат ҳеҷ иқдоме сурат нагирифтааст.

КШНГЗТ ёдовар шудааст, ки ду сол қабл низ ҳамсари Одинаев вазъи ӯро “риққатбор” номида буд. Дар изҳороти Кумита омадааст, ки қаблан низ ба ниҳодҳои марбута дар ин бора нома ирсол шудааст, аммо ин дархостҳо нодида гирифта шудаанд.

“Ин бор мо мустақиман ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ муроҷиат кардем ва умедворем, ки ин ниҳод ба талаботи мо посухи мусбат медиҳад,” — зикр шудааст дар нома.

Ба таъкиди Кумита, дар сурате, ки ба дархости мазкур расидагӣ нашавад, он маҷбур хоҳад шуд ба ниҳодҳои байналмилалӣ ва Салиби Сурхи вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кунад.

Маҳмурод Одинаев яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии кишвар буда,  дар моҳи январи соли 2021 бо иттиҳоми «авбошӣ» ва «даъват ба сарнагунии ҳукумат» 14 сол зиндонӣ карда шуд. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро намепазиранд.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *