
Тоҷикистон дар радифи кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим
Тибқи гузориши нави Комиссияи Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP), Тоҷикистон дар қатори 11 кишвари осебпазир аз тағйирёбии иқлим дар Осиё ва Уқёнуси Ором шомил шудааст. Ин кишварҳо бештар дар хатари офатҳои табиӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва тағйироти ногаҳонии муҳити зист қарор доранд, ки ба иқтисодиёт ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир буда, ба офатҳои табиӣ, махсусан фаромадани селу ярч ва хушксолӣ, бисёр осебпазир аст. Дар шароите, ки ESCAP Тоыикистонро ҳамчун осебпазир аз нигоҳи макроиқтисодӣ ба тағйироти иқлимӣ мешуморад, фаъолияти мақомоти дахлдор бештар декларативӣ ва камсамар боқӣ мемонад.
Бо вуҷуди тасдиқи стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, фаъолияти амалии муассисаҳо маҳдуд ва сармоягузорӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ночиз боқӣ мондааст. Барномаҳои қаблӣ, аз ҷумла «Барномаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», аксаран ё иҷро нашудаанд ё аз зарфияти молиявии кофӣ маҳрум будаанд.
Бештари давлатҳои шомили рӯйхати ESCAP ба кумаки техникӣ ва молиявии хориҷӣ такя доранд. Тоҷикистон низ ба ин кумакҳо эҳтиёҷ дорад, вале шаффофият дар идораи маблағҳо ва муҳити сармоягузорӣ монеа ба рушди ин раванд мебошад. Барои мисол, сармоягузориҳои ШБС (GCF) ва дигар донорҳои иқлимӣ ё суст ҷалб мешаванд ё ба проектҳои ночиз равона мегарданд ё танҳо ҳамчун чархресаки «шавҳарбинак» ба хотири «галочка» ҳастанду халос.
Тағйироти иқлимӣ ба бахшҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон — кишоварзӣ ва об — зарба мезанад. Бо вуҷуди ин, сиёсати кишоварзӣ ба ҷои навсозӣ ва табдили усулҳои зироаткорӣ ба моделҳои устувортар, то ҳол бо меъёрҳои кӯҳнашуда ва пасмондаҳои даврони Иттиҳоди шуравӣ амал мекунад. Сармоягузорӣ ба ирригатсия ва технологияи обёрӣ кам аст, оби заминҳо хушк шуда, ин вазъ на фақат иқтисод, балки амнияти озуқавориро зери хатар мебарад.
Тавре ESCAP таъкид мекунад, хатарҳои иқлимӣ метавонад рушди иқтисодии кишварро ба таври ҷиддӣ халалдор намояд. Аммо дар ВАО ва баҳсҳои сиёсӣ, ин мавзӯъ то ҳол дар ҳошия боқӣ мемонад. Қонунгузорӣ, ҳадафҳои рӯшани коҳиши партовҳои карбон ва беҳсозии механизмҳои муқовимат то ҳол мавҷуд нестанд ё ғайрифаъоланд.
Ҳамин аст, ки Тоҷикистон барои дучор шудан бо таъсири тағйирёбии иқлим омода нест. Нафақат осебпазирӣ, балки камбуди сиёсати муассир, норасоии маблағгузорӣ, шарикӣ ва эътибор ба илм мушкилоти асосии кишвар дар муқобила бо таҳдиди иқлимӣ мебошанд. Агар тадбирҳои ҷиддӣ андешида нашавад, оқибатҳои он на танҳо иқтисод касод мешавад, балки ба амнияти миллии кишвар низ таҳдид хоҳанд кард.
Average Rating