Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалии ҷудои Grand Slam 2025

Фиристед

Шаҳри Душанбе дар рӯзҳои 2-юм то 4-уми май мизбони яке аз муҳимтарин чорабиниҳои ҷаҳонии варзишӣ – мусобиқаи байналмилалии ҷудои Grand Slam хоҳад буд. Маҳалли баргузории ин мусобиқа – маҷмааи «Касри Теннис» мебошад, ки қаблан низ таҷрибаи қабули мусобиқоти байналмилалиро дошт.
Ба иттилои Федератсияи Байналмилалии Ҷудо (IJF), 121 варзишгар аз 16 кишвар, аз ҷумла 77 мард ва 44 зан, барои дарёфти медал ва холҳои олимпӣ вориди пойтахти Тоҷикистон мешаванд. Ин мусобиқа ба сифати як бахши расмии Ҷаҳонгардии ҷудои ҷаҳонӣ (IJF World Tour) шомил буда, барои варзишгарон имконияти муҳим барои ба даст овардани холҳои рейтингӣ дар роҳ ба Бозиҳои олимпии Париж 2028 мебошад.
Рӯзи аввал ба вазнҳои сабуктар бахшида шудааст: мардон (-60 кг, -66 кг) ва занон (-48 кг, -52 кг, -57 кг).
Рӯзи дуюм варзишгарони вазни миёна – мардон (-73 кг, -81 кг) ва занон (-63 кг, -70 кг) ба рӯи татамӣ мебароянд.
Рӯзи сеюм, яъне рӯзи ниҳоии мусобиқа, ҷудочиёни вазнин – мардон (-90 кг, -100 кг, +100 кг) ва занон (-78 кг, +78 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ин бори дуюм аст, ки Душанбе мусобиқаи сатҳи Grand Slam-ро мизбонӣ мекунад. Аввалин мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар ин сатҳ соли 2023 бо унвони Grand Prix баргузор шуда буд, ки баъдан аз ҷониби IJF ба сатҳи баландтар – Grand Slam – расонида шуд.
Мақомоти Тоҷикистон ва роҳбарияти Федератсияи ҷудои кишвар иброз доштанд, ки баргузории ин чорабинӣ дар кишвар на танҳо барои пешбурди варзиш, балки барои муаррифии имкониятҳои туристӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ аҳамияти хос дорад.
Мусобиқаи Душанбе дар миёни варзишгарон ба унвони як макони муҳим дар тақвими солонаи ҷудо шинохта шуда, таваҷҷуҳи зиёди расонаҳо ва дӯстдорони ин навъи варзишро ба худ ҷалб кардааст.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *