
Муомилаи камтарини Тоҷикистон бо Чин байни кишваҳои ОМ дар соли 2024
Тоҷикистон аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024 муомилаи тиҷории камтар бо Чин доштааст. Ҳарчанд, ки ҳаҷми умумии гардиши молии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 94,8 миллиард доллар расидааст, муомилаи тиҷории Тоҷикистон бо Чин танҳо 3,8 миллиард доллар аз ин ҳаҷмро ташкил медиҳад, ки камтар аз 4% аз ҳаҷми умумии тиҷорат мебошад.
Дар ин бора хабаргузории Eurasianet иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти расонаишуда, Қазоқистон бо 43,8 миллиард доллар, Қирғизистон бо 22,7 миллиард доллар, Узбекистон бо 13,7 миллиард доллар ва Туркманистон бо 10,6 миллиард доллар, ҳиссаи аъзами гардиши молии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар бар мегиранд.
Тавре ки маълумот нишон медиҳад, муомилоти тиҷории Чин бо Тоҷикистон дар соли 2024 дар муқоиса бо дигар кишварҳо ба таври назаррас коҳиш ёфта, ҳамчунин камшавии 65 миллион долларро нисбат ба соли 2023 нишон додааст.
Average Rating