Тазоҳурот дар Дортмунд бо талаби баргардонидани Дилмурод ва Абдуллоҳ ба Олмон

Ба дигарон фиристед

18-уми январи соли 2025, дар шаҳри Дортмунди Олмон, тазоҳурот дар назди Идораи муҳоҷират (Ausländerbehörde Dortmund) баргузор шуд.

Гурӯҳе аз фаъолони ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандии Олмон ва тоҷикони муқими ин кишвар бо талаби баргардонидани Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин аз Тоҷикистон ба Олмон ҷамъ омаданд.

Ташкилкунандагони тазоҳурот Корнели Суҳан ва Себастиян Розе буданд. Фарҳод Одинаев, фаъоли тоҷик, дар суҳбат бо payom.tv гуфт, ки онҳо аз мақомоти Олмон талаб доранд, барои баргардонидани ин ду афрод талош кунанд.

Дилмурод Эргашев, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, пас аз истирдод аз Олмон ба Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд. Ҳамчунин, Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддин Саидов, пас аз истирдодаш дар санаи 18 январи соли 2023 ба Тоҷикистон ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва пайвандонашон сабаби асосии боздошт ва маҳкум шудани уро ба фаъолиятҳои сиёсии падараш рабт медиҳанд.

Бар иловаи эътирозҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони тоҷик талаби раҳоии ин ду афродро аз мақомоти Тоҷикистон доштаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки истирдоди афрод ба кишварҳое, ки дар он ҷо шиканҷа ё таъқиб таҳдид мекунад, хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст.

https://www.facebook.com/100001756016445/videos/pcb.8859745784093867/500280115975310


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *