
Тағйироти кадрӣ дар Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24»
Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» эълон кард, ки дар ҳайати роҳбарияти худ тағйироти муҳим ворид кардааст ва ин иқдом бо ҳадафи беҳтар кардани фаъолияти дохилӣ ва тақвияти нуфузи байналмилалии ҳаракат сурат гирифтааст.
Тавре дафтари матбуотии ин созмони сиёсӣ иттилоъ додааст, собиқ роҳбари ин созмон, Ҳусейн Ашуров ба ҳайси Ҷонишини раиси Кумитаи иҷроия ва масъули бахши равобити хориҷӣ таъин шудааст. Гуфта мешавад тағйирот ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангии сиёсати хориҷии ҳаракат мусоидат хоҳад кард. Абузар Хоҷазода акнун масъули бахши кадр ва кадрсозӣ хоҳад буд, ки ӯҳдадориҳои навбатии ӯ ба таҳкими сохтори дохилии ташкилот нигаронида шудаанд.
Дар бахши иттилоот, Зафар Ғоибов масъули ин ниҳод таъин гардидааст, ки масъулияти густариши фаъолияти иттилоотии ҳаракатро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Ба бахши фарҳанг Муҳаммадҷон Абдуллоев таъин шудааст, ки интизор меравад, дар боло бурдани сатҳи фарҳангии ҳаракат саҳмгузор бошад. Ҳамчунин, Сайдалӣ Ашуров сухангӯи нави ҳаракат таъин шудааст, ки ӯ аз ин пас иртиботи расмии ташкилотро бо расонаҳо ва ҷомеа бар уҳда хоҳад дошт.
Илова бар ин, намояндагони ҳаракат дар кишварҳои хориҷӣ низ таъин гардидаанд.
Бино ба маълумоти расонаишуда, Хурсанд Наҷмиддинов дар Аврупо, Юсуф Амиров дар Амрико, Ҳикматуллоҳ Баҳодуров дар Гурҷистон ва Холназар Лоиқов дар Олмонин созмони сиёсиро намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Тағойзода, ки қаблан масъули бахши иттилоот буд, аз вазифа сабукдуш шудааст.
Ин тағйирот дар замоне сурат мегирад, ки «Гурӯҳи-24» бо ҳадафи ба даст овардани нуфузи бештар дар саҳнаи сиёсӣ ва иҷрои барномаҳои стратегияи худ фаъолиятҳои худро идома медиҳад.
Гуфтанист, чанде пеш тибқи як конфронси интихоботии Ҳаракати сиёссии «Гурӯҳи 24», Дилшод Шарипов, роҳбари ин созмон интихоб шуда буд.
Average Rating