Ихроҷи маҷбурии паноҳҷӯи тоҷик аз Шветсия ва боздошти ӯ дар Тоҷикистон

Фиристед

Субҳи 27 декабри соли 2024, кормандони пулиси Шветсия шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Негматовро аз манзили зисташ дар шаҳри Гутеборг боздошт намуда, ба Тоҷикистон ихроҷ  карданд.

Як дусти ин хонадон, ки қазияро пайгирӣ мекард, ба Паём гуфт: «Негматов, ки қаблан дар Украина зиндагӣ мекард, пас аз шурӯъи ҷанги Украина ҳамчун паноҳҷӯи сиёсӣ ба кишвари Шветсия муроҷиат карда буд. Бо вуҷуди таҳдидҳои ҷиддӣ ба ҳаёти ӯ, ҳукумати Шветсия дархости паноҳандагии ӯро рад намуда, ӯро бо фарзандони ноболиғаш ба Тоҷикистон фиристод.»

Тибқи маълумоте, ки дастраси Паём  шудааст, яке аз фарзандонаш шаҳрванди Украина будааст.

Пас аз расидан ба Душанбе, Негматов ва фарзандонаш аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) боздошт шуданд. Негматов ба шӯъбаи бозпурсии ин ниҳод интиқол ёфт ва фарзандони ӯ пас аз ду рӯз озод шуданд, дар ҳоле ки худи ӯ дар ҳабс боқӣ монд.

Мақомот ӯро бо узвият ва ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир, ки дар Тоҷикистон созмони мамнӯъ эълон шудааст, айбдор мекунанд. Негматов қаблан бо интиқодҳои худ аз ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар Фейсбук, фаъолона баромад мекард.

Ин ҳодиса аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқи инсон ҳамчун намунаи саркӯби озодии баён ва таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Тасмими ихроҷ ва боздошти Негматов фишори афзоянда ба мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар нишон медиҳад, ки боиси нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *