
Ба хориҷиёни ғайриқонунӣ бастани ақди никоҳ дар Русия манъ мешавад
Вазорати адлияи Русия барои муҳокимаи ҷамъиятӣ тарҳи тағйирот ба Низомномаи маъмурии кори идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-ро пешниҳод кардааст. Тибқи тағйироти пешниҳодшуда, кормандони САҲШ ӯҳдадор мешаванд, ки шаҳрвандони хориҷиро, ки нияти бастани ақди никоҳ доранд, дар робита ба мавҷудияти онҳо дар феҳристи муҳоҷирони ғайриқонунии вазифадор барои тарки кишвар санҷанд.
Тавре Вазорати адлияи Русия ёдовар шудааст, тобистони соли 2024 қонуне мавриди амал қарор гирифт, ки феҳристи шахсони назоратшавандаро таъсис дод. Ба ин феҳрист муҳоҷирони ғайриқонунӣ шомил карда мешаванд, ки асос барои будубоши онҳо дар қаламрави Русия мавҷуд нест. Ин қонун ҳамчунин бастани ақди никоҳ миёни шаҳрвандонеро манъ мекунад, ки яке аз онҳо хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ буда, ба ин феҳрист ворид шудааст.
Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда, кормандони САҲШ вазифадоранд, ки домоду арӯсро ду маротиба тафтиш намоянд: аввал ҳангоми қабули ариза ва дуюм дар рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ. Агар дар ин муддат шаҳрванди хориҷӣ ба феҳристи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ворид шавад, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
Ин қоидаҳои нав бояд, сар аз 5 феврали соли 2025 ба амал оянд. Тибқи шарҳи Вазорати адлияи Русия, ошкор шудани номзад ҳамҷун муҳоҷири ғайриқонунӣ дар ин феҳрист асосе барои рад кардани бақайдгирии давлатии ақди никоҳ хоҳад шуд.
Дар айни ҳол, тарҳи тағйирот дар марҳилаи муҳокимаи ҷамъиятӣ қарор дорад. Дар ин муддат шаҳрвандон метавонанд пешниҳодҳо ва эродҳои худро дар робита ба ин тағйирот иброз намоянд.
Average Rating