
Тоҷикистон метавонад узви муваққатии Шӯрои амнияти СММ дар солҳои 2028-2029 гардад
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид маросими насби парчами панҷ кишвари нави узви Шӯрои амнияти СММ баргузор гардид. Ба ҳайати Шӯро барои солҳои 2025-2026 кишварҳои Дания, Юнон, Покистон, Панама ва Сомалӣ ворид шуданд.
Дар ин бора НИАТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар дод.
Шӯрои амнияти СММ аз 15 узв иборат аст. Панҷ кишвари доимӣ — Британияи Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Фаронса, Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — ҳаққи веторо дар ихтиёр доранд, ки метавонанд ҳар як қарорро боздоранд. Даҳ узви ғайридоимӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ барои ду сол интихоб мешаванд, ки ҳар сол панҷ кишвар ворид мегарданд.
Аз 1-уми январи соли 2025 раёсати Шӯрои амнияти СММ тибқи низоми ротатсионӣ ба Алҷазоир гузаштааст. Шӯрои амнияти СММ масъулияти асосӣ барои нигоҳдории сулҳу амнияти байналмилалиро бар дӯш дорад ва нақши калидиро дар муайянсозии таҳдид ба сулҳ ё амалҳои таҷовузгарона мебозад. Дар ҳолатҳои муайян, Шӯрои амният метавонад ба таҳримҳо муроҷиат кунад ё ҳатто истифодаи қувваро барои нигоҳдорӣ ё барқарории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ иҷозат диҳад.
Тоҷикистон метавонад узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 гардад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати видеоии худ ба иштирокчиёни иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2021 изҳор намуда буд.
«Мо тасмим гирифтем, ки кишвари худро ҳамчун узви ғайридоимӣ ба Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем», — гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон қасд дорад дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Шӯрои амнияти СММ саҳм гузорад, таҷрибаи худро дар самти муқовимат ба таҳдидҳо ва барқарории субот тавассути музокирот мубодила намояд. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҷумҳурӣ шумораи неруҳои сулҳхоҳи худро дар минтақаҳои низоъӣ зиёд хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таҷрибаи ҳамкории ҷумҳуриро бо СММ мусбат арзёбӣ карда, таъкид карда, ки кишвар минбаъд низ фаъолияти сулҳпарваронаи Созмонро дастгирӣ намуда, барои барқарории сулҳу субот дар минтақаҳои низоъ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Average Rating