Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон меояд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Масъуд Пизишкиён, моҳи январи соли 2025 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Ин нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон аз замони ба вазифа шурӯъ карданаш хоҳад буд.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин сафар мулоқоти Масъуд Пизишкиён бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла рушду тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин амалӣ намудани тарҳҳои муштаракро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар чорчӯби ин сафар музокироти сатҳи баланд ва чорабиниҳои расмии дигар низ баргузор хоҳанд шуд. Бо вуҷуди ин, то ҳол санаҳо ва барномаи дақиқи сафари мазкур эълон нашудааст.
Хонданиҳо
ПМТ шӯрои нави худро интихоб кард
Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 1 ноябри соли 2025 дар шаҳри Варшава интихоботи ҳайати нави Шӯрои худро баргузор намуд. Тибқи иттилоияе,...
Тоҷикистон Толибонро ба расмият шинохт?
Шабакаи хабарии «Ҳурият» бо такя ба манобеаш аз вилояти Балхи Афғонистон иттилоъ дод, ки ҳукумати Тоҷикистон сафири Аморати исломии Афғонистонро...
ПМТ аз натиҷаҳои ҷаласаи байни ИА ва Тоҷикистон истиқбол кард
Паймони Миллии Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз натиҷаи ҷаласаи понздаҳуми гуфтугӯи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон,...
Султонзода: Шиканҷа дар Тоҷикистон як падидаи системавӣ ва решадор аст
Дар Конфронси байналмилалии Демократия ва арзишҳои инсонии САҲА, ки бо ҳузури намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсон ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар Варшава...
Шоҳнаими Карим: «Говсуд» бо услуби Эмомалӣ Раҳмон
Дар Конфронси байналмилалии САҲА оид ба демократия ва арзишҳои инсонӣ, Шоҳнаими Карим (Мирзорахим Кузов) намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо...
Табрики Кабирӣ ба муносибати рӯзи таваллуди Шоҳзода Раҳим Оғохони V
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамаи ҳамватанони исмоилӣ дар Тоҷикистон ва исмоилиёни ҷаҳонро ба муносибати рӯзи таваллуди Шоҳзода...

Average Rating