
Моҳир Асад, бародари Башор Асад боздошт шудааст
Моҳир Асад, бародари президенти барканоршудаи Сурия Башор Асад ва раҳбари Дивизияи 4-уми танкҳои зиреҳпӯш, дар марзи Лубнон ва Сурия боздошт шудааст. Пеш аз фирор, ӯ ваъда дода буд, ки барои роҳбарии «муқовимат» бармегардад, аммо ин иқдоми уро коршинсон ғайримантиқӣ медонистанд, зеро пас аз суқути режими Асад, аксарияти мардум дар Сурия аз суқуташ шодмонӣ доранд.
Бино ба маълумоти расонаишуда, Моҳир Асад дорои иттилооти муҳиме мебошад, аз ҷумла дар бораи шабакаҳои империяи Captagon (як намуд доруе, ки дар таркибаш маводи мухаддир дорад) хонадони Асад, ки барои бисёре аз хадамоти махсуси ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад. Пас аз фирори Башор, ҷустуҷӯи ӯ аз ҷониби гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла «Моссад» ва Ҳаракати Таҳрири Шом (ҲТШ), оғоз шуд. Гумон меравад, ки ӯ ба русҳо эътимод надошт ва кӯшиш кард мустақилона фирор кунад, аммо дар ниҳоят дар якҷоягӣ бо Алӣ Мамлук, директори Идораи кулли амнияти Сурия боздошт шуд.
Ин боздошт барои Русия ва Эрон талафоти ҷиддии иттилоотӣ мебошад, зеро акнун Моҳир Асад метавонад маълумоти муҳимеро дар бораи империяи Captagon ва дороиҳои хориҷии хонадони Асад ба дигарон ифшо кунад. Гуфта мешавад, ки хонадони Асад дорои ҳисобҳои бонкӣ ва амвол дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Швейтсария, Аморати Муттаҳидаи Араб, Австрия ва Аргентина мебошанд.
Бо вуҷуди ин, коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки баргардонидани ин дороиҳо ба Сурия кори осон нахоҳад буд. Масалан, аз 54 миллиард доллари режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия, то ҳол танҳо 12 миллион доллар баргардонида шудааст. Умедворӣ вуҷуд дорад, ки бо кӯмаки Моҳир Асад, суриягиҳо барои барқарорсозии кишварашон маблағҳои бештарро ба даст хоҳанд овард.
Average Rating