
Қотили генерал Игор Кирилов муҳоҷири узбек будааст? (видео)
Гумонбари куштори генерал Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия дастгир шуд. Бино ба маълумоти расонаишуда, гумонбар дар назди хонаи генерал самокати дорои маводи тарканда насб ва мошини иҷораи каршерингро истифода бурдааст.
Ин шахс, ҷавони 29-сола аз Ӯзбекистон, вақтҳои охир дар шаҳри Балашиха зиндагӣ мекардааст. Бино ба иттилои ФСБ Русия, ин ҷавон дар асоси супориши кураторони ҳарбии украинӣ барои амалӣ намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дидааст. Тибқи маълумоти мавҷуда, хадамоти амнияти Украина (СБУ) ба ӯ ваъдаи гирифтани шиносномаи Иттиҳоди Аврупо ва додани 100 ҳазор доллар мукофотро кардаанд. Дар хабар аз ин ҷавон ном бурда намешавад.
Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба муҷрими воқеъӣ будани ин ҷавони узбекистонӣ шубҳа мекунанд. Гуфта мешавад, боздошти ин ҷавон бо иттиҳоми амали террористӣ яке аз сохтакориҳои мақомоти амниятии Русия аст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 17-уми декабр дар Маскав дар натиҷаи таркиши тарҳрезишуда генерал-лейтенант Игор Кирилов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия, кушта шуд. Ҳодиса дар хиёбони Рязан, 7 километр дуртар аз Кремл ва назди манзили зисти ӯ рух додааст. Дар ин таркиш як афсари дигар низ ҷон бохтааст.
Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, маводи тарканда дар дохили скутери электрикӣ пинҳон буда, аз дур идора ва ҳангоми берун шудани Кирилов аз манзили худ фаъол шудааст. Ин тарзи ҳамла нишон медиҳад, ки ҳамла тарҳрезишуда ва бо истифода аз технологияҳои замонавӣ анҷом ёфтааст.
Мақомоти Русия бидуни таъхир ангушти иттиҳомро ба Украина равона карданд, ҳарчанд Украина то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки як рӯз пеш Хадамоти амнияти Украина генерал Кириловро дар «5 ҳазор ҳолати истифодаи силоҳи кимиёӣ» дар қаламрави Украина муттаҳам кард ва ӯро масъули асосии ин амал номид. Дар пайи ин изҳорот, Украина зидди Кирилов парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
Кирилов ва нерӯҳои таҳти фармондеҳии ӯ қаблан низ мавриди интиқоди байналмилалӣ қарор гирифта буданд. Моҳи октябр Британия, Канада ва Зеландияи Нав Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро таҳрим карданд. Ба қавли онҳо, Русия дар ҷанг маводи нафасгиркунанда, аз ҷумла хлорпекринро истифода кардааст. Кремл ин иттиҳомотро рад карда, беасос номид.
Игор Кирилов хатмкардаи Мактаби олии фармондеҳии низомии Кострома буда, аз соли 2017 раҳбарии нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро ба уҳда дошт. Нерӯҳои мазкур махсус барои амалиёт дар шароити заҳролудшавии ҳастаӣ, кимиёӣ ва биологӣ сохта шудаанд ва нақши муҳиме дар амалиёти низомии Русия доранд.
Тафтиши ин қазия идома дорад, ва мақомоти дахлдор барои ошкор намудани тамоми ҷузъиёти ин қазия чораҳои зарурӣ меандешанд.
Average Rating