
Афсари иктишофии Сурия: Башор Асад $135 млрд-ро бо худ ба Русия бурд
Башор Асад бо таври қочоқ 135 миллиард долларро аз Сурия ба Русия интиқол додааст.
Хабаргузории Репортер бо истинод аз нашрияи Turkiye Gazetesi, дар ин бора гузориш дода навиштааст: Як корманди собиқи иктишофии Сурия, Майор Халид Бейе, дар ин бора маълумот дода гуфтааст, ки маблағи бузург, эҳтимолан, барои дастгирии иқтисоди ин кишвар истифода мешавад.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории DW бо истинод аз Financial Times навишт, ки Бонки марказии Сурия аз моҳи марти соли 2018 то сентябри соли 2019 ба Русия зиёда аз 250 миллион долларро бо ҳавопаймоҳо интиқол додааст. Ин маблағҳо дар шакли пули нақд (доллар ва евро) ба фурудгоҳи Внуково расида, вазнашон тақрибан ду тонна будааст. Ҳадафи ин интиқолҳо, гузоштани маблағҳо дар бонкҳои русӣ, аз ҷумла РФК ва ЦМРБанк буда, ки таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд. Ҳамчунин, зикр шудааст, ки Сурия барои пардохтҳои фаврӣ бо Русия пули нақд истифода мекард.
Расонаҳо навиштанд, ки Башор Асад ва хонаводааш пас аз суқути низомашон ба Русия гурехтанд. Манбаъҳо ишора мекунанд, ки оилаи Асад дар минтақаи «Москва-сити» моликиятҳои гаронбаҳо доранд, ки арзиши онҳо беш аз 30 миллион доллар мебошад.
Бино ба маълумоти расонаишуда, Русия, ки нерӯҳои худро соли 2015 барои дастгирии режими Асад фиристода буд, давоми ин солҳо борҳо шаҳрҳои Сурияро бомбборон кардааст. Баъд аз суқути низом, нерӯҳои Русия шаҳрҳои калидии Сурияро тарк карданд ва таҷҳизоти худро ба Русия интиқол доданд.
Average Rating