
Дар наздикии Кремл фармондеҳи баландпояи рус кушта шуд
Субҳи 17-уми декабр дар Маскав дар натиҷаи таркиши тарҳрезишуда генерал-лейтенант Игор Кирилов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия, кушта шуд. Ҳодиса дар хиёбони Рязан, 7 километр дуртар аз Кремл ва назди манзили зисти ӯ рух додааст. Дар ин таркиш як афсари дигар низ ҷон бохтааст.
Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, маводи тарканда дар дохили скутери электрикӣ пинҳон буда, аз дур идора ва ҳангоми берун шудани Кирилов аз манзили худ фаъол шудааст. Ин тарзи ҳамла нишон медиҳад, ки ҳамла тарҳрезишуда ва бо истифода аз технологияҳои замонавӣ анҷом ёфтааст.
Мақомоти Русия бидуни таъхир ангушти иттиҳомро ба Украина равона карданд, ҳарчанд Украина то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки як рӯз пеш Хадамоти амнияти Украина генерал Кириловро дар «5 ҳазор ҳолати истифодаи силоҳи кимиёӣ» дар қаламрави Украина муттаҳам кард ва ӯро масъули асосии ин амал номид. Дар пайи ин изҳорот, Украина зидди Кирилов парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
Кирилов ва нерӯҳои таҳти фармондеҳии ӯ қаблан низ мавриди интиқоди байналмилалӣ қарор гирифта буданд. Моҳи октябр Британия, Канада ва Зеландияи Нав Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро таҳрим карданд. Ба қавли онҳо, Русия дар ҷанг маводи нафасгиркунанда, аз ҷумла хлорпекринро истифода кардааст. Кремл ин иттиҳомотро рад карда, беасос номид.
Игор Кирилов хатмкардаи Мактаби олии фармондеҳии низомии Кострома буда, аз соли 2017 раҳбарии нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро ба уҳда дошт. Нерӯҳои мазкур махсус барои амалиёт дар шароити заҳролудшавии ҳастаӣ, кимиёӣ ва биологӣ сохта шудаанд ва нақши муҳиме дар амалиёти низомии Русия доранд.
Ҳамла ба як фармондеҳи баландпояи низомӣ дар дохили хоки Русия ва дар масофаи наздик ба Кремл паёмади ҷиддӣ дорад. Ин ҳодиса на танҳо аз камбуди амнияти дохилӣ далолат мекунад, балки метавонад фишори равониро болои мақомоти Русия афзоиш диҳад. Дар баробари ин, айбномаи Русия алайҳи Украина шиддати муносибатҳои ду ҷонибро боз ҳам бештар мекунад.
Бо дарназардошти иттиҳомоти ахир, ҳамла ба Кирилов метавонад як ҳамлаи интиқомӣ талаққӣ шавад. Агар таҳқиқот ангеза ва масъули ҳамларо ошкор насозад, эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо зиёд аст, ки метавонад таъсири манфӣ ба сохтори низомии Русия расонад.
Ҳоло Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи ҳодисаро идома дода, омилони ин ҳамларо ҷустуҷӯ мекунад.
Average Rating