Қазияи Абдуллоҳи Шамсиддин  дар сатҳи байналмилал муҳокима мешавад

Фиристед

Тибқи як номае, ки дастраси PAYOM.tv шуд, Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҷбурсозӣ ва нопадидшавиҳои иҷборӣ, 134-умин ҷаласаи худро, аз 16 то 25 сентябри соли 2024 дар Женева баргузор кардааст. Зимни ҷаласа парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви раёсати олии ҲНИТро, ки моҳи январи 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, ин Гурӯҳи корӣ баррасӣ кардааст. 

Дар номае, ки аз номи ин гурӯҳ ба ташкилотҳои дахлдор ирсол шудааст, зикр мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷавоби расмии худро дар бораи қазияи Абдуллоҳи Шамсиддин пешниҳод кардааст. Аммо ин иттилоот барои дақиқ кардани сарнавишт ё макони будубоши ӯ нокофӣ арзёбӣ мешавад.

Муроҷиат ба хешовандон ва ташкилотҳои ҳуқуқи инсон

Дар нома аз созмонҳо ва наздикони Абдуллоҳи Шамсиддин хоҳиш шудааст, ки ҷавоби ҳукуматро баррасӣ намуда, ҳар гуна шарҳ ё саволҳои худро дар бораи ин посух ба гурӯҳи корӣ расонанд. Дар ҳуҷҷат таъкид шудааст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ характери башардӯстона дошта, иттилооте, ки пешниҳод мешавад, танҳо барои хешовандони шахси гумшуда истифода мешавад.

Ҷаласаи оянда дар Женева

Гурӯҳи корӣ иттилоъ додааст, ки ҷаласаи 135-уми худро дар Женева аз 27 то 31 январи соли 2025 баргузор мекунад. Аз ҳамаи ташкилотҳо ва хешовандони шахсони гумшуда даъват шудааст, ки ҳар гуна маълумоти хаттиро то 27 декабри соли 2024 пешниҳод кунанд. Инчунин, имконияти мулоқот бо гурӯҳи корӣ дар Женева ё тариқи видеоконфронс низ муҳайё шудааст.

Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ

Габриэлла Читрони, раиси гурӯҳи корӣ, таъкид кардааст, ки чунин парвандаҳо ҷузъиёти муҳими фаъолияти гурӯҳи корӣ ҳастанд ва ин гуна баррасӣ ба огоҳсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дахлдор мусоидат мекунад.

Гуфтанист, парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин бори дигар таваҷҷуҳи Созмони Милалро ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷалб намуд. Бо вуҷуди пешниҳоди ҷавоб аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, норӯшании вазъияти шахсони гумшуда масъалаи мубрам боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз зодагони Тоҷикистон низ дар Олмон рӯзи 10-уми декабр дар назди Вазорати кор бо муҳоҷирони Дортмунд тазоҳурот баргузор карданд. Онҳо аз мақомоти Олмон хостанд, ки Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин, ду паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷикро аз Душанбе баргардонанд.

Фарҳод Одинаев, ҳомии ҳуқуқи инсон ва яке аз ширкатдорони ин тазоҳурот ба Паём гуфт, ки онҳо аз ихроҷи ин шахсон ва бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо онҳо нигаронанд. Ба гуфти Фарҳод Одинаев дар тазоҳурот ҳомиёни ҳуқуқ низ ширкат карда, талаб карданд, ки Берлин ҳарду шахсро аз Тоҷикистон бозпас оварад.

Дилмурод Эргашев, узви пешини «Гурӯҳи 24», моҳи октябри 2024 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ дар Душанбе қарор дорад. Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви раёсати олии ҲНИТ, моҳи январи 2023 ба Тоҷикистон фиристода шуда, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *