Амири Толибон хостори ихроҷи сохторҳои хориҷӣ аз Афғонистон шуд

Фиристед

Амири Толибон, Ҳибатуллоҳ Охундзода, дар ҷаласаи ҳукумати Толибон, ки дар Қандаҳор баргузор гардид, хостори қатъи фаъолияти тамоми сохторҳои хориҷӣ дар Афғонистон шуд. Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин масъала бо ҳузури аъзои ҳукумати Толибон баррасӣ шудааст.

Ҳибатуллоҳ Охундзода дар ҷаласа изҳори нигаронӣ кардааст, ки сохторҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба манфиати хадамоти иктишофии душман амал мекунанд. Вай таъкид намудааст, ки зарурати қатъи кори чунин ташкилотҳо ногузир аст.

Аммо, на ҳама ҳозирин бо ин пешниҳод мувофиқ будаанд. Бархе аз аъзои ҳукумат ҳушдор додаанд, ки чунин иқдом метавонад боиси дуртар шудани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон гардад ва пайомадҳои ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта бошад.

Ин мавқеи Амири Толибон дар пасманзари идома ёфтани танишҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон баррасӣ мешавад. Қаблан, созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз Толибон хоста буданд, ки шароити фаъолиятро барои ташкилотҳои хориҷӣ таъмин намоянд.

То ҳол Ҳаракати Толибон — созмони ҳоким дар Афғонистон дар бисёре аз кишварҳо созмони террористӣ дониста шудааст.

 

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *