Ихроҷи тақрибан 60 муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон

Фиристед

Дар ду рӯзи охир мақомоти Тоҷикистон тақрибан 60 муҳоҷир ё паноҳҷӯи афғонистонро ба воситаи гузаргоҳи «Шерхон Бандар» ба Афғонистон ихроҷ кардаанд. Ин хабарро ба Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми декабр як корманди консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, ки зери итоати «Толибон» амал мекунад, бо шарти ифшо нашудани номаш тасдиқ кардааст.

Ба иттилои манбаъ,  муҳоҷирони ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва Душанбе кору зиндагӣ доштанд ва санадҳои муҳоҷирон дуруст буда, аммо сабаби ихроҷ маълум нест.

«Бештари ихроҷшудаҳо аз тарафи пулиси Ваҳдат бозҷӯӣ шуда, сипас ронда шуданд. Як дафъа 16 ва бори дигар беш аз 40 нафар, яъне дар ду ҳолат, ихроҷ карда шудаанд,» – афзудааст манбаъи Радиои Озодӣ.

Рӯё Ҳафизӣ, як паноҳҷӯи афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, гуфта, ки шавҳараш Нақибулло Ҳафизӣ, ки панҷ сол дар Тоҷикистон буд, рӯзи 4-уми декабр ихроҷ шудааст.

«Рӯзи чоршанбе дар идораи пулис будем. Омада, ҳамаро бор карда ба Душанбе бурданд. Баъдан шавҳарам тамос гирифт, ки дар марз ҳастем. Панҷ кӯдак дорам. Дар як таҳхона зиндагӣ мекунем. Ноновари хонавода шавҳарам буд, дигар намедонем чӣ кор кунем,» – нақл кардааст ӯ .

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ изҳори бехабарӣ карда, аммо гуфтааст, ки «бар асоси муқаррарот, вақте қоидаҳои будубош риоят намешаванд, сабаби ихроҷ мешавад».

Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз ба қаламрави таҳти назорати «Толибон» ихроҷ шудан изҳори нигаронӣ мекунанд. Пештар, дар солҳои 2021 ва 2022, зиёда аз 80 муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Созмони Милали Муттаҳид он вақт маҷбуран ихроҷ кардани муҳоҷиронро «ғайриқонунӣ ва хатарнок» номида буд.

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани «Толибон» дар Афғонистон ба ин кишвар гурехтаанд.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *