Болоравии нархи гази моеъ: Сабаб ва тадбирҳо

Фиристед

Давоми чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон боз ҳам болоравии нархи гази моеъ  мушоҳида мешавад. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки сабаби гарон шудани гази моеъ ба афзоиши нархи он дар кишварҳои истеҳсолкунанда, бахусус Қазоқистон, рабт дорад. Ба иттилои вазорат, нархи як тонна гази моеъ дар Қазоқистон аз $470 то $550 боло рафтааст. Аммо вазорат камчинии газро рад намуда, изҳор дошта, ки дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе захираи кофӣ мавҷуд аст. Дар ҳамин ҳол, ширкати “Газпром нефт — Тоҷикистон” норасоии муваққатии газро ба хабаргузории АзияПлюс тасдиқ карда, сабаби онро ба коҳиши воридот рабт додааст. Бо ҳамин ҳол манъи содироти газ аз Қазоқистон низ ба таъминоти бозори Тоҷикистон таъсир расонидааст.

Вазъи кунунии бозори гази моеъ дар Тоҷикистон натиҷаи омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад, ки боиси болоравии нарх ва нигаронии аҳолӣ шудааст. Дар шароите, ки 94%-и гази моеъ аз Қазоқистон ворид мешавад, ҳар гуна тағйирот дар сиёсати содиротии ин кишвар таъсири ҷиддӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мерасонад.

Сабаби асосии болоравии нархро масъулон ба гарон шудани нархи газ дар Қазоқистон рабт медиҳанд. Аммо дар расонаҳои қазоқӣ иттилоъ дар бораи афзоиши нарх вуҷуд надорад. Ин вазъ нишон медиҳад, ки эҳтимолан омилҳои дигар низ ба афзоиши қимат таъсир дошта бошанд, аз ҷумла хароҷоти интиқол, рақобати маҳдуд дар бозори дохилӣ ва вобастагӣ аз таъминкунандаи ягона ё худ ҳамон инҳисоргаре, ки дасташ аз ҳамаи дастҳо дар Тоҷикистон болост, худаш шоҳу табъаш вазир аст.

Изҳороти мухталифи Вазорати энергетика ва ширкати “Газпром нефт — Тоҷикистон”, ки ба хабаргузории АзияПлюс  дар бораи мавҷудияти норасоии газ додаанд, шубҳаҳоро зиёд мекунанд. Дар ҳоле ки вазорат аз мавҷудияти захираҳои кофӣ хабар медиҳад, ширкати “Газпром нефт — Тоҷикистон” ва ронандагон камчинӣ ва афзоиши нархро тасдиқ мекунанд.

Бо дарназардошти он, ки гази моеъ ба рӯйхати молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ шомил аст, афзоиши нарх метавонад ба зиндагии мардум, бахусус ронандагон ва соҳаҳои вобаста ба сӯзишворӣ, таъсири манфӣ расонад. Чунин вазъ зарурати таҳкими назорат аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва баррасии манбаъҳои алтернативии таъминотро таъкид мекунад. Аммо зури Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба инҳисоргар ё ҳамон монополист намерасад.

Барои ҳамин агар ҳукумати имрӯза ҳавасманди пешгирии гароншавии нархи сузишворӣ ва молу маҳсулот бошад, пеш аз ҳама таҳияи стратегияи гуногунсозии манбаъҳои воридот, халоскунии тиҷоратҳо аз инҳисор, ташвиқи сармоягузорӣ ба инфрасохтор ва ҳамкории бештар бо кишварҳои дигарро ба роҳ мемонад, ки ин метавонад ба коҳиши вобастагӣ аз кишварҳои алоҳида мусоидат кунад. Дар дарозмуддат, ин тадбирҳо ба устувории иқтисодӣ ва таъмини эътимоди мардум ба сиёсати энергетикӣ низ мусоидат хоҳанд кард.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *