Маскав аз соли 2025 барои муҳоҷирон шиносномаи рақамӣ ҷорӣ мекунад

Фиристед

Дар соли 2025 дар шаҳри Маскав истифодаи профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ оғоз хоҳад шуд. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, зимни як ҷаласа дар ин бора хабар дода гуфт, ин иқдом дар доираи марҳалаи дувуми озмоиши махсус амалӣ мешавад ва ҳамаи нуқтаҳои вуруд ва хориҷи нақлиётии пойтахтро фаро мегирад.

Ин лоиҳа ба он равона шудааст, ки равуои шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия зери назорат гирифта шавад. Барои амалӣ кардани ин система, аз 1 декабри соли 2024 озмоиши аввал дар фурудгоҳҳои Маскав ва як гузаргоҳи нақлиётии воқеъ дар вилояти Оренбург оғоз мешавад. Дар доираи ин озмоиш, муҳоҷирон метавонанд ба таври ихтиёрӣ дар сабти генетикӣ (геномӣ) иштирок кунанд ва корти электронии махсуси муҳоҷиратиро дастрас намоянд.

Медведев қайд намуд, ки Маскав на танҳо маркази асосии амалисозии ин лоиҳа аст, балки инчунин тамоми хароҷоти ташкилию молиявиро ба дӯш гирифтааст. Ӯ зарурати иҷрои саривақтии вазифаҳои лоиҳаро таъкид карда, нақши муҳими онро барои назорати ҳаракати шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дод.

Қаблан дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ингуна системаҳои назорати рақамӣ ҷорӣ шуда буданд.

Дар Қазоқистон низоми электронии сабти муҳоҷирон фаъол аст ва ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд ва ҳангоми убури сарҳад аз ранҷи бюрократӣ наҷот ёбанд.

Дар Ӯзбекистон татбиқи шиносномаҳои электронии хориҷӣ оғоз ёфтааст, ки на танҳо равуоро осон мекунад, балки ба мақомоти дахлдор имкон медиҳад, ҳаракати муҳоҷиронро зери назорати сахттар гиранд.

Ин ташаббусҳо барои ҳукуматҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки онҳо бо ин васила ҳам амнияти миллӣ ва ҳам идораи равуои байналмилалиро беҳтар мекунанд. Системаи рақамӣ боиси кам шудани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва равшании маълумоти муҳоҷирон мегардад. Дар Маскав низ интизор меравад, ки ҷорӣ кардани ин система ҳаракати муҳоҷиронро шаффофтар ва идоракунии онҳоро осонтар кунад.

Ин гуна системаҳо махсусан барои шаҳрҳои бузурги  серодам, ба монанди Маскав, аҳамияти хос доранд, зеро миқдори вуруду хуруҷи муҳоҷирон дар чунин шаҳрҳо хеле зиёд аст.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *