
Бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад?
Раиси бонки ВТБ, Андрей Костин, дар ҷаласаи Форуми IX байналмилалии Донишгоҳи молиявӣ изҳор дошт, ки иқтисодиёти Русия бо норасоии ҷиддии нерӯи корӣ рӯ ба рӯ шудааст ва муҳоҷирон дар ҳалли ин мушкил нақши ҳалкунанда доранд. Вай қайд кард, ки «бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад». Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, дар Русия дар шароити сангин ва аксаран беадолатона кору зиндагӣ мекунанд.
Муҳоҷирони тоҷик, ки теъдоди онҳо дар Русия аз 1 миллион нафар бештар аст, бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ рӯбарӯ мешаванд. Бархӯрди манфӣ аз ҷониби баъзе қишрҳои ҷамъият ва мақомоти Русия, сиёсати хашини ин кишвар нисбати муҳоҷирон ва надоштани кафолатҳои кофии ҳуқуқӣ зиндагии онҳоро душвор кардааст. Гарчанде муҳоҷирон саҳми назаррас дар иқтисоди Русия мегузоранд, ба шароити буду боши онҳо аксар вақт беэътиноӣ мешавад.
Костин вазъияти норасоии қувваи кориро «фалокатбор» номида гуфтааст, «Дарвоқеъ, танқиди муҳоҷирон дар мо кори осон аст. Лекин, дӯстон, имрӯз бидуни муҳоҷирон иқтисоди мо аз нафаскашӣ бозмемонад, мо хоҳ-нохоҳ бояд ин масъаларо ҳал кунем. Албатта, осонакак метавон онҳоро хориҷ кард, лекин касе кор ҳам бояд кунад»
Аз мулоҳизаҳои Костин бармеояд, ки камбуди нерӯи корӣ ба рушди иқтисоди Русия монеа мешавад. Дар ҳоле, ки бахшҳои савдо, маъмурӣ ва истеҳсолот ба муҳоҷирон ниёз доранд, муносибати номуносиб ба онҳо метавонад муҳоҷиронро ба тарки Русия водор кунад, ки ин метавонад вазъи иқтисодии кишварро боз ҳам вазнинтар созад. Бо вуҷуди эътирофи нақши муҳими муҳоҷирон, набудани муносибатҳои мусоид байни корфармоён ва коргарони муҳоҷир боиси танишҳои иҷтимоӣ мегардад.
Дониста шуд, норасоии қувваи корӣ дар Русия «фалокатбор» будааст ва ҳатто «бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемомондааст», аммо дар баробари ин, як масъалаи муҳим бояд таъкид шавад: чаро Тоҷикистон аз ин имконият истифода намекунад, то шартномаҳои муфид барои муҳоҷирони худ ба имзо расонад?
Ниёзи шадиди Русия ба қувваи корӣ барои Тоҷикистон як абзори муҳими фишор метавонад бошад. Бо истифода аз ин ниёз, Тоҷикистон метавонад гуфтушунидҳои ҷиддиро дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон оғоз кунад. Русия шояд ба шартҳое розӣ шавад, ки шароити корӣ ва зиндагии муҳоҷиронро беҳтар намояд. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба иқтисоди Русия қувваи корӣ пешниҳод мекунад, он бояд талаб кунад, ки муҳоҷиронаш бо риояи каромат ва шаъну шарафи инсонӣ кор кунанд.
Дар шароити кунунӣ, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик бе ягон кафолати ҳуқуқӣ ва дар шароити бераҳмона кор мекунанд. Агар Тоҷикистон гуфтушунидҳои расмӣ оиди таъмини муҳоҷирон бо ҷойҳои корӣ бо шартҳои муайянро оғоз кунад, вазъи муҳоҷирон метавонад беҳбуд ёбад. Масалан, тартиби расмии фиристодани муҳоҷирон ба ҷойҳои кории мувофиқ, назорати шароити корӣ аз ҷониби ду кишвар, кафолати пардохти маоши муносиб ва пешгирӣ аз муносибатҳои беэҳтиромона метавонад шароити онҳоро ба куллӣ дигаргун созад.
Шароити номусоиди муҳоҷирон дар Русия инчунин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад. Ҳар сол муҳоҷирон ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар маблағ интиқол медиҳанд, ки қисми асосии даромади бисёре аз хонаводаҳо ва иқтисоди кишварро ташкил медиҳад. Аммо муносибати бад ба муҳоҷирон дида истодаем, ки ин ҷараёнро коҳиш додааст. Тоҷикистон бояд дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони худ кор кунад, аз ҷумла тавассути гуфтушунид бо Русия ва талаб кардани шароити беҳтар барои шаҳрвандонаш.
Аз тарафи дигар, худи Русия дарк мекунад, ки мушкилоти норасоии нерӯи корӣ ба иқтисодиёт зиён мерасонад. Бо вуҷуди эътирофи расмии ниёз ба муҳоҷирон, низоми муҳоҷиратии кишвар бештар барои маҳдудиятҳо нигаронида шудааст ва аз ин ки ташвиқӣ бошад, бештар муҷозотӣ аст. Ислоҳоти сиёсати муҳоҷират ва фароҳам сохтани шароити мусоид метавонад ин мушкилотро коҳиш диҳад ва муҳоҷиронро ба ҳайси қувваи кории боэътимод нигоҳ дорад.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон бояд бар ин кушиш кунад, ки Русия барои нигоҳ доштани муҳоҷирон бояд муносибат ва шароити зиндагии онҳоро беҳтар кунад. Тоҷикистон, дар навбати худ, бояд дар ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш фаъолтар бошад. Ин як масъалаест, ки ҳамкории ҷиддии ду кишварро тақозо мекунад.
Average Rating