Қадам ба сӯи созиш: Лоиҳаи лағви мамнуъияти «Толибон» дар Думаи Давлатии Русия
Гурӯҳи сенаторон ва вакилон ба Думаи Давлатии Русия лоиҳаи қонун таҳти рақами №778284-8-ро пешниҳод карданд, ки тибқи он, фаъолияти созмонҳое, ки дар рӯйхати мамнӯъ дар Русия, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ, қарор доранд, метавонанд муваққатан аз ин рӯйхат хориҷ карда шаванд.
Моҳияти лоиҳаи қонун
Тибқи ин лоиҳа, созмонҳое, ки ҳамчун террористӣ шинохта шудаанд, метавонад бо қарори суди Русия ва бо пешниҳоди додситони кул ё муовини ӯ муваққатан уваққатан аз ин рӯйхат хориҷ карда шаванд. Ин иқдом танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки далелҳои воқеӣ дар бораи қатъи фаъолиятҳои марбут ба тарғиб, тавҷеҳ ва дастгирии терроризм аз ҷониби созмон пас аз дохил шуданаш ба рӯйхати мамнӯъ мавҷуд бошад.
Ин лоиҳа сабаб мешавад, ки холигии қонунгузорӣ бартараф шавад, зеро дар қонунгузории ҳозира чунин механизми муваққатан берун кардани созмонҳои мамнуъ аз руихати сиёҳ пешбинӣ нашудааст. Бо қабули он, тағйироти зарурӣ ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ва қонунгузории марбут ба мурофиаи маъмурӣ ворид хоҳанд шуд.
Иқдоми Русия дар Афғонистон
Ин ташаббуси қонунгузорӣ дар пасманзари муносибатҳои Русия бо ҳукумати Толибон (созмоне, ки дар Русия мамнӯъ аст) аҳамияти бештар пайдо мекунад. 25 ноябр, портали афғонистонӣ «Ал -Имора» аз музокироти котиби Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу бо муовини сарвазири Афғонистон Абдулғанӣ Бароодар Охунд хабар дод. Шойгу изҳор дошт, ки Русия нияти тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиро бо Афғонистон дорад. Ӯ инчунин ишора кард, ки Русия нақша дорад «Аморати Исломӣ»-и Афғонистонро аз рӯйхати «сиёҳ»-и худ хориҷ намояд.
Аз сӯи дигар, Абдулғанӣ Бародар, ки масъулияти умури иқтисодиро дар ҳукумати Толибон ба уҳда дорад, омодагии Афғонистонро барои бозии нақши асосӣ дар ташкили долони иқтисодии «Шимол-Ҷануб» ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа таъкид кард.
Мавқеи зиддунақизи Русия: ҲНИТ ва Толибон
Бо ин иқдом Русия ба созмонҳое мисли Толибон, ки ҳанӯз ба усулҳои мусаллаҳона такя мекунанд, барои аз рӯйхати сиёҳ хориҷ шудан имконият медиҳад. Аммо баръакси Толибон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки Русия низ онро дар рӯйхати созмонҳои мамнӯъ қарор додааст, пас аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳеҷ гуна фаъолиятҳои мусаллаҳона ё амалиёти террористӣ анҷом надодааст. Баръакс, ин ҳизб пас аз Созишномаи сулҳи соли 1997 ба равандҳои осоишта пайваст ва дар фазои сиёсӣ ҳамчун як нерӯи қонунӣ фаъолият мекард.
Ин фарқият нишон медиҳад, ки шомил кардани ҲНИТ ба рӯйхати мамнӯъ дар Русия метавонад бештар ангезаҳои сиёсӣ дошта бошад, на ҳуқуқӣ. Қарори Русия дар мавриди ҲНИТ танқиди зиёдеро ба вуҷуд овардааст, зеро ин ҳизб яке аз намунаҳои муваффақи гузариш аз мухолифати мусаллаҳона ба ҳаёти осоиштаро дар таърихи сиёсии минтақа намоиш додааст.
Оқибатҳои эҳтимолӣ
Пешниҳоди ин қонун метавонад ҳамчун як васила барои пешбурди манфиатҳои геополитикии Русия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ маънидод шавад.
- Тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ: Русия метавонад тавассути ин иқдом мавқеи худро дар минтақа таҳким бахшад ва барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи ҳукумати Толибон роҳ кушояд.
- Хатарҳои сиёсӣ ва амниятӣ: Ин иқдом метавонад боиси танқиди ҷомеаи ҷаҳонӣ шавад, зеро Толибон дар аксари кишварҳо ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудаанд.
- Набудани якрангӣ дар мавқеъгирӣ: Ин иқдом набуди якрангии мавқеи Русия нисбати гурӯҳҳои мухталифро нишон медиҳад. Дар ҳоле, ки барои Толибон имкони муваққатан хориҷ шудан аз рӯйхати мамнӯъ муҳайё мегардад, созмонҳои дигари муътадил мисли ҲНИТ ҳамоно мавриди маҳдудият боқӣ мемонанд.
Охири гап ҳамин, ки қабули ин қонун метавонад таъсири ҷиддие ба муносибатҳои байналмилалӣ ва баррасии мавқеи Русия дар масъалаҳои терроризм ва сиёсати минтақавӣ дошта бошад.
Average Rating